Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди тоҷик: "Наврӯз таърихи 7 ҳазорсола дорад"


Як устоди донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо такя ба таърихи асотири пешдодиён ба Юнеско пешниҳод кардааст, ки ҳафтҳазорсолаги Наврӯз ҷашн гирифта шавад
Равшани Раҳмонӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми март зимни муарифии китоби худ "Наврӯзи ориёии тоҷикон" гуфт, ки таърихи асотири мардуми тоҷик ва умуман эронинажодон, аз давраи пешдодиён, ҳудуди 7 ҳазор сол қабл дар замони Каюмарс оғоз гардидааст. Бо такя ба манобеъи таърихие, ки оғози ҷашни Наврӯзро марбут ба давраи Каюмарс медонанд, Равшани Раҳмонӣ дар китоби нави худ «Наврӯзи ориёии тоҷикон» ва дар мақолаҳои дигари хеш оид ба таърихи Наврӯз пешниҳод кардааст, ки дар миқёси байналмиллалӣ 7 ҳазорсолагии Наврӯз таҷлил карда шавад.

Равшани Раҳмониён гуфт, ки ин пешниҳодро ба ЮНЕСКО ироа карда ва дар матбуоти Тоҷикистон низ матраҳ намудаатс. Вай гуфт, ки ҳамаи далоили қотеъ роҷеъ ба 7 ҳазорсолагии ҷашни Наврузро дар китоби худ «Наврӯзи ориёии тоҷикон» овардааст. Вай мегуяд, ки ҳоло бархе манбаъҳо ва донишмандони таърих ҷашни Наврӯзро сеҳазорсола, баъзе манобеъ 5 ҳазор сол нишон медиҳанд, вале аслан ба таври расмӣ аз замони Каюмарс Наврӯз ҷашн гирифта мешуд, ки Умари Хаём низ дар «Наврӯзнома»-и худ ин бурҳонро зикр кардааст. Китоби устоди риштаи мардумшиносии Донишгоҳ милии Тоҷикистон Равшани Раҳмониён рӯзи сешанбеи 19-уми март дар интишороти Донишгоҳи миллӣ аз дасти чоп баромадааст. Дар ин китоб профессор Раҳмонӣ доир ба гузаштаву имрӯзи Наврӯз ва оинҳои мухталифи наврузӣ ба мисли амшоспандону ҳафтсин, гулгардонӣ ва чоршанбесурӣ маълумот додаст.
XS
SM
MD
LG