Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи кӯмак ба Қибрис ба таъхир афтод


Порлумони Қибрис, раъйгирӣ дар бораи санади баҳсбарангезеро ба таъхир гузошт, ки бар асоси он бояд амонатгузорон, қисме аз пасандозҳои худро дар ихтиёри бонкҳои мӯҳтоҷи ин кишвар бигузоранд. Вакилони мардумии Қибрис рӯзи сешанбе ин тарҳро баррасӣ мекунанд. Бар асоси ин тарҳ, амонатгузорони бонкҳои Қибрис бояд дар наҷоти ин ҷазира аз варшикастагии молӣ саҳм бигиранд ва дар ивази 10 миллиард евро кӯмаки молии хориҷӣ, даҳ дар садӣ аз пасандозҳои худро дар ихтиёри бонкҳо бигузоранд. Мардуми Қибрис аз ин тарҳ ба хашм омада ва онро як навъи дуздии қонунии маблағҳои худ хондаанд. Русия, ки бисёре аз ширкату бонкҳояш дар бонкҳои Қибрис пули зиёд доранд, ин тарҳро танқид кард. Владимир Путин онро “ноодилона, ғайриҳирфаӣ ва хатарнок” хонд. Никос Анастасиадес, раиси ҷумҳури Қибрис рӯзи якшанбе гуфт, ҳамин созиш, “беҳтарин” роҳи эмин нигаҳ доштани кишвараш аз варшикастагӣ ва берун шудан аз ҳавзаи евро будааст.
.
XS
SM
MD
LG