Иттифоқан барои Рӯзи ҷаҳонии шеър 21 март, рӯзеро интихоб кардаанд, ки мардумони сокини паҳнои бузурге аз Осиёи сағир то Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна расидани соли нави форсӣ – яъне Наврӯзро ҷашн мегиранд.
Оё ин як иттифоқи рамзӣ нест? Муҳити имрӯзаи Тоҷикистон оё то куҷо шеъру шоирпарвар аст? Бо шеъри тоҷик имрӯз чӣ мегузарад? Миссияи шеър дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон чист? Оё бо таъсиси саҳифаҳои вижае, чун “Шоҳбайт”-у “Арӯз” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук метавон муҳаббати қалии мардуми моро ба шеъру шоир барқарор кард?
Дар ин мизигирд аз Душанбе шоир ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Рустами Ваҳҳоб ва Бахтиёр Аминов, соҳибкор ва шоири тоҷик ва ҳам асосгузори чандин саҳифаи адабӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ширкат мекунанд. Гардонандаи сӯҳбат – Мирзои Салимпур.
Шарҳҳоро бинед (10)
Боз кардани шарҳи бештар