Ташкилкунандагони ин мусобиқа Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои кишвар мебошанд. Мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон барпо мегардад.
Ба иттилои Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ин мусобиқа дар вазни мутлақ сурат мегирад ва барои ширкат дар он ба ҷуз аз паҳлавонони тоҷик, зӯртарин гуштигирони Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Узбакистон ва Эрон даъват шудаанд.
“Маблағи ҷавоизи мусобиқа 50 ҳазор сомонӣ ё 10 ҳазор доллари ИМА муқаррар шудааст: барои ҷойи аввал – 5 ҳазор доллар, барои ҷойи дувум 2 ҳазор ва барои ҷойҳои севум – 1,5 ҳазор долларӣ. Ҳамчунин, ба ин мусобиқа мо ба ҳайси меҳмонони фахрӣ гуштигирони маъруфро, ба мисли Арамбий Хапаев - қаҳрамони 3-каратаи ҷаҳон оид ба самбо, Михаил Тихомиров, Владимир Яприсов ва Армен Багдасаровро даъват намудем”, - гуфт Нурулло Лоиқов.
Маълумотномаи “Озодӣ”:
Саидмуъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шудааст. Дарвоқеъ, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи Саидмуъмин Раҳимов нарасидааст. Вай, ҳамчунин, қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1973-1975) ва ғолиби Спартакидаи халқҳои СССР (1975) мебошад. Ӯ дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Саидмуъмин Раҳимов ҳамчун сармураббии собиқи дастаҳои мунтахаби гуштии самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда кардааст. Ӯ солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай то моҳи декабри соли 2008 раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон буд. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов 13-уми феврали соли 2009 бар асари сактаи дил дар синни 62-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам гузаштааст.