Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми даъвати АФК-2014: Тоҷикистон – Покистон - 1:0


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо дастаи мунтахаби Покистон. Бишкек, 17.03.2013.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо дастаи мунтахаби Покистон. Бишкек, 17.03.2013.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 имрӯз, 17-уми март дар Бишкек бар мунтахаби Покистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голро Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 89-ум ба ҳадаф расонд.

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 11 ба вақти Душанбе) бо ҳузури 400 тамошогар шурӯъ шуд. Ҳисоб – 0:0.

Мунтахаби Тоҷикистон бо чунин ҳайат ба майдон омадааст:
1. Алишер Тӯйчиев, 4. Эраҷ Раҷабов, 5. Маҳмадалӣ Содиқов, 7. Фатҳулло Фатҳуллоев, 10. Хуршед Маҳмудов (капитан), 14. Далерҷон Тухтасунов, 15. Наим Улмасов, 17. Дилшод Восиев, 20. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 21. Иброҳим Рабимов, 22. Комил Саидов.

Бозигарони эҳтиётӣ: 2. Умедҷон Шарифов, 3. Соҳиб Саванқулов, 6. Давронҷон Эргашев, 8. Нуриддин Давронов, 11. Фарҳод Тоҳиров, 12. Юсуф Рабиев, 16. Алишер Додов, 18. Ҷамшед Исмоилов, 19. Аҳтам Назаров, 23. Алексей Неъматов, 28. Абдуазиз Маҳкамов, 44. Ҷаҳонгир Эргашев.

Ҳайати дастаи мунтахаби Покистон: 18. Юсуф Иҷаз Бутт, 3. Муҳаммад Аҳмад, 4. Комрон Хон, 5. Самар Исҳоқ (капитан), 7. Ясир Афридӣ, 8. Аднан Фаррух Аҳмад, 10. Калимуллоҳ, 11. Ҳасан, 21. Одил, 26. Ёқуб Иҷаз Бутт.

Бозигарони эҳтиётӣ: 1. Ҷаъфар Хон, 9. Саид, 12. Сақиб Ҳаниф, 14. Ҳамид, 15. Навид, 16. Муҷоҳид, 17. Саддом Ҳусейн, 23. Файзал Иқбол, 29. Ҷадид Хон Патхан.

Бозии дигари гурӯҳи "В" миёни дастаҳои Қирғизистон ва Макао соати 15 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон боъди бозии имрӯза бо дастаи Покистон, 19-уми март бо тими Макао ва 21-уми март бо дастаи мизбон - Қирғизистон рақобат мекунад.

Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, қабл аз ин бозӣ дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, “Дар назди даста вазифа гузошта шудааст, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат бигирем. Рақиби аслии мо дар гурӯҳи “В” мунтахаби Покистон мебошад, ки солҳои ахир хеле пурқувват шудааст. Кӯшиш мекунем, ки аз бозии аввал бо Покистон се имтиёз ба даст биёрем. “

Панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд. Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.

Бояд гуфт, ки дар айни ҳол дастаҳои мунтахаби Мянмар (гурӯҳи «А»), Афғонистон (гурӯҳи «С») ва Фаластин (гурӯҳи «D”) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2014 роҳхат гирифтаанд.

Қабл аз шурӯи бозӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар - Тоҷикистон ва Покистон садо доданд. Футболбозони тоҷик бо либоси сурх ва покистониҳо бо либоси сафед бозӣ доранд.

Сардовари ин бозӣ Масъуд Туфайлӣ аз Сурия мебошад.

Дақиқаи 3-юми бозӣ, ҳисоб кушода нашудааст.

Дақиқаҳои аввали бозӣ бо ҳуҷуми покистониҳо шурӯъ шуд ва онҳо аз кунҷи майдон зарба заданд. Тӯбро футболбозони тоҷик баргардонданд ва ҳоло бозӣ дар маркази майдон ҷараён дорад.

Дақиқаи 12-уми бозӣ сипарӣ шуд, ҳисоб 0:0.Футболбозони тоҷик пайваста ҳуҷум мекунанд, вале кушодани ҳисоб ба онҳо муяссар намешавад. Фатҳулло Фатҳуллоев аз самти чапи майдон ба ҷаримагоҳ дохил шуд ва баъди зарбаи ӯ тӯб аз болои тири дарвоза гузашт.

Дақиқаи 15-уми бозӣ, ҳисоб ҳоло ҳам 0:0. Иброҳим Рабимов тӯбро ба Хуршед Маҳмудов партофт, вале капитан муваффақ нагашт. Маҳмадалӣ Содиқов дар маркази майдон муқобили рақибаш қоидаи бозиро вайрон кард.

Дар дақиқаи 15-ум Комил Саидов аз имкони хуби голзанӣ истифода карда натавонист. Баъди зарбаи сахти ӯ дарвозабон тӯбро баргардонд.

Дақиқаи 20-уми бозӣ ба анҷом расид, вале ҳисоб ҳанӯз кушода нашудааст. Бозӣ комилан бо бартарии мунтахаби Тоҷикистон ҷараён дорад.

Бозигари покистониҳо Ҳасан аз масофаи тахминан 20 метр зарбаи ҷаримавӣ зад ва ба бахти футболбозони тоҷик тӯб аз болои тири дарвоза гузашта, аз майдон берун рафт.

Аз оғози нимаи аввали бозӣ 22 дақиқа гузашт. Ҳисоб 0:0.

Дақиқаи 25-уми бозӣ ҳам хотима ёфт, вале дар ҳисобнамо ҳоло ҳам 0:0. Бозигарони тоҷик аз рӯи нақшаи 4-3-3 бозӣ доранд. Як зарбаи сахти Фатҳулло Фатҳуллоев аз масофаи тахминан 22 метр, аммо бенатиҷа.

Дар дақиқаи 26-ум Хуршед Маҳмудов метавонист ҳисобро кушояд, вале пас аз зарбаи ӯ дарвозабони покистониҳо тӯберо, ки ба сӯи "нуҳгона" парвоз мекард, дошт.

То анҷоми нимаи аввал 15 дақиқа боқӣ мондааст. Ҳисоб 0:0. Як ҳуҷуми ҷавобии покистониҳо бенатиҷа анҷом ёфт. Аз назди пои бозигари онҳо Алӣ футболбозони тоҷик тӯбро гирифтанд.

Дар дақиқаи 32-юм қариб буд, ки покистониҳо ба дарвозаи худ гол зананд. Бозигари мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳонгир Ҷалилов аз самти чапи майдон тӯбро ба ҷаримагоҳи покистониҳо зад ва Ёқуб Бутт қариб буд, ки тӯбро ба дарвозаи дастааш равон кунад. То анҷоми замони асосии нимаи аввали бозӣ 9 дақиқаи дигар боқӣ мондааст. Ҳисоб 0:0.

Дар дақиқаи 36-ум ҳамлагар Комил Саидов тӯби аз Иброҳим Рабимов қабулнамударо бо зарбаи сахт аз масофаи тахминан 10 метр ба сӯи дарвозаи покистониҳо равон кард, вале тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд ва ба майдон баргашт.

Дар дақиқаи 38-ум Фатҳулло Фатҳуллоев имкон дошт, ки ҳисобро боз намояд. Ӯ аз самти чапи майдон зарбаи ҷаримавӣ зад ва тӯбро дарвозабони покистониҳо баргардонд ва дастаашро аз гол эмин дошт. То анҷоми нимаи аввали бозӣ 4 дақиқаи замони асосӣ боқӣ мондааст. Ҳисоб 0:0.

Дар дақиқаи 42-юм Иброҳим Рабимов барои бозии дағалона муқобили рақиб дар маркази майдон аз сӯи довар корти зард гирифт.

Дар дақиқаи 43-юм бозигари покистониҳо Аднан Аҳмад аз дур зарба зад. Тӯбро дарвозабон Алишер Тӯйчиев дошт.

45 дақиқаи замони асосии бозӣ ба анҷом расид ва сардовар 1 дақиқа вақти иловагӣ дод.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт ва дастаҳо ба танаффус баромаданд.

Гузориши мустақимро дар бораи бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Покистон идома медиҳем.

Дақиқаи аввали қисми дувуми бозӣ ҷараён дорад, ҳисоб 0:0.

Дар нимаи дувуми бозӣ танҳо як бозигар дар ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон иваз гардидааст. Бо ҷои Эраҷ Раҷабов ба майдон Алексей Неъматов ворид шуд.

Дар дақиқаҳои аввали қисми дувуми бозӣ низ футболбозони тоҷик ба мисли нимаи аввал бартарӣ доранд ва пайваста ҳуҷум мекунанд. Вале ба онҳо дар лаҳзаҳои охирин зарбаҳои нишонрас намерасад.

Дар дақиқаи 50-ум баъди зарбаи Хуршед Маҳмудов тӯб ба дасти бозигари покистонӣ бархӯрд, вале ҳуштаки сардовар баланд нашуд. Ҳарчанд аз рӯи қоидаи футбол дар чунин маврид бояд пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра таъин карда шавад.

Дақиқаи 53-юм сипарӣ шуд, ҳисоб 0:0.

Дақиқаи 60-уми бозӣ, аммо ҳисоб ҳанӯз ҳам боз нашудааст. Ҳарчанд футболбозони тоҷик паиҳам дарвозаи покистониҳоро ҳадаф қарор додаанд, вале муваффақ намешаванд.

Дақиқаи 65-уми бозӣ, ҳисоб 0:0. Футболбозони тоҷик дар аксар маврид дар ҷаримагоҳи покистониҳо вазъиятҳои хавфнокро ба вуҷуд меоранд, вале кушодани ҳисоби бозӣ ба онҳо муяссар намешавад.

Дар дақиқаи 67-ум бозигари покистонӣ Ҳасан ба сӯи дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон зарбаи сахту хавфнок зад ва ин дафъа ҳам дарвозабон Алишер Тӯйчиев маҳорати баланд нишон дод ва тӯбро баргардонд.

Дар дақиқаи 68-ум бозӣ каме қатъ ёфтааст, зеро ба бозигари покистонӣ Ҳасан ёрии таъҷилии тиббӣ расонида мешавад.

Дар дақиқаи 70-ум дар ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон боз як бозигар иваз шуд. Ба ҷои Иброҳим Рабимов ба майдон ҳамлагар Юсуф Рабиев омад. Никола Кавазович, ки мехоҳад дар ин бозӣ пирӯзӣ ба даст орад, хатти ҳамларо боз ҳам мустаҳкамтар намуд.

Дақиқаи 73-ми бозӣ хотима ёфт, вале ҳисоб ҳамоно 0:0. Покистониҳо бо ҳар баҳона вақтро кашол медиҳанд ва маълум аст, ки ба натиҷаи мусовӣ розиянд. Аммо футболбозони тоҷик танҳо бо як мақсад - пирӯзӣ пой ба майдон ниҳодаанд ва хеле ташнаи голанд.

Дар дақиқаи 79-ум дар ҳайъати дастаи Тоҷикистон бозигари севум ва охирин иваз шуд. Ба ҷои Маҳмадалӣ Содиқов ба майдон легионер Нуриддин Давронов, ки дар тими "Слобода"-и Ужитсаи Сербия бозӣ мекунад, ворид шуд. Вале ҳисоби бозӣ то ҳоло тағйир наёфтааст.

Дар дақиқаи 81-ум Хуршед Маҳмудов аз масофаи тахминан 25 метр зарба зад, вале тӯб аз болои тири дарвоза гузашт. Ҳисоб 0:0.

Дар дақиқаи 85-ум Юсуф Рабиев тӯби аз самти чапи майдон ҳавододаро бо зарбаи сахт ба рӯи рақиб зад ва покистониҳо зарбаи ҷаримавӣ заданд. То анҷоми замони асосии бозӣ ҳамагӣ 5 дақиқаи дигар мондааст. Ҳисоб 0:0.

Дар дақиқаи 87-ум Комил Саидов тӯбро ба Юсуф Рабиев ҳаво дод, вале зарбаи ӯ хато рафт.

Футболбозони тоҷик ҳисобро боз карданд. Дар дақиқаи 89-ум капитани даста Хуршед Маҳмудов тӯбро ба ҳадаф расонд ва ҳисоби бозиро кушод. Тӯби ҳавододаи Юсуф Рабиевро Хуршед Маҳмудов аз масофаи наздик ба тӯри дарвозаи рақиб равон кард.

НАВОР АЗ YOUTUBE



Дар дақиқаи 90-уми бозӣ Давронҷон Эргашев аз сӯи довар корти зард гирифт.

Сардовар ба замони асосии бозӣ 5 дақиқа вақти иловагӣ таъин кардааст.

Ҳоло замони иловагии таъиннамудаи сардовар ҷараён дорад.

Дар дақиқаи 90+2 Комил Саидов тӯби ба ӯ ҳавододаи Хуршед Маҳмудовро аз самти чап бо сар зад, вале он аз болои тири дарвоза гузашт.

Дар дақиқаи 90+3 сардовар ба бозигари покистонӣ Саддом Ҳусейн корти зард нишон дод.

Дар дақиқаи 90+4 ҳуҷуми сахти бозигарони покистонӣ сӯи дарвозаи Алишер Тӯйчиев буд, вале ин лаҳзаҳо ба манфиати тоҷикистониҳо хотима ёфт.

Инак, замони изофӣ ҳам ба анҷом расид ва садои ҳуштаки сардовар аз хотимаи бозӣ дарак дод.

Мунтахаби Тоҷикистон бар тими Покистон бо ҳисоби 1:0 ғалабаи мушкил ба даст овард.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои Қирғизистон ва Макао бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон - футболбозони қирғиз хотима ёфт.

Баъди даври аввали мусобиқа дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 3-имтиёзӣ дар гурӯҳи "В" пешсафанд. Тимҳои Покистон ва Макао имтиёз надоранд.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дувумашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC рӯзи сешанбе, 19-уми март бо тими Макао анҷом медиҳад.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Покистон рақобат мекунанд.

Мухлисони дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бо пирӯзии тимашон дар нахустин бозиаш табрик мегӯем.

Дар ҳамин ҷо гузориши мустақими "Озодӣ" ба анҷом расид. Шоду пирӯз бошед.
XS
SM
MD
LG