Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суперҷоми Тоҷикистон: 27 март - “Равшан” - “Регар-ТадАЗ” дар Кӯлоб


Мавсими нави футбол дар кишвар бо бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони Тоҷикистон ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми кишвар, оғоз меёбад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ин бозӣ 27-уми март (рӯзи чоршанбе) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барпо мегардад. Бозӣ соати 14.00 шурӯъ мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи футболи тоҷик барои бори чаҳорум бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Дар се бозии пешин дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб омада буд.


Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон

Соли 2010. Турсунзода. «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0. Замони изофӣ – 2:0.

Соли 2011. Қӯрғонтеппа. «Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:0. Замони изофӣ – 1:0.

Соли 2012. Ваҳдат. «Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 2:1.

Соли 2013. Кӯлоб. «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» - ?
XS
SM
MD
LG