Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC-2013: Бохти “Равшан” ба “Ал-Шорта” бо ҳисоби 0:2


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии дувумаш дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар сафар аз тими “Ал-Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд.

Бинобар вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия ин бозӣ рӯзи 13-уми март дар майдони бетараф – дар шаҳри Аззаркаи Урдун, дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад, ки ғунҷоишаш 17 ҳазор тамошогар аст, бо ҳузури 50 мухлис баргузор шуд.

Ҳарду голро футболбозони «Ал-Шорт» дар нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонданд. Алӣ Гхалиум дар дақиқаи 54-ум ҳисобро кушод ва Қусаӣ Ҳабиб дар дақиқаи 58-ум тӯби дувумро вориди дарвозаи “Равшан” кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дирӯз дастаи “Ал-Рамза”-и Урдун дар майдони худ аз тими “Ал-Қодсия”-и Кувайт бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар нахустин бозии Ҷоми AFC- 2013 дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.

Баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” “Ал-Шорта” бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои “Ал-Қодсия” ва “Ал-Рамза” бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Бозии даври севумро футболбозони “Равшан” рӯзи 3-юми апрел дар сафар бо тими “Ал-Қодсия”-и Кувайт анҷом медиҳанд.


Ҷоми АФК. Гурӯҳи «D». Даври 2-юм

«Ал-Шорта» (Сурия) - «Равшан» (Тоҷикистон) - 2:0

Голҳо: Алӣ Гхалиум, 54 (1:0). Қусаӣ Ҳабиб, 58 (2:0).

«Равшан» (Кӯлоб, Тоҷикистон): Рустам Ризоев, Мӯсо Содиқ, Дэвид Мауто, Одил Эргашев (капитан), Сайриддин Ғаффоров, Ҳикматулло Расулов (Эраҷ Холов, 78), Течи Соломон, Давронҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов (Комрон Саидзода, 87), Индус Ҳусейнов (Наврӯз Рустамов, 75).

Огоҳонида шуданд: Давронҷон Тухтасунов, 13, Ҳасан Рустамов, 36, Алӣ Гхалиум, 49, Мӯсо Содиқ, 59, Индус Ҳусейнов, 73.
Сардовар: Мухтор Солеҳ Алӣ Ал-Яримӣ (Яман).
13-уми март. Аззарка (Урдун). Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. 50 тамошогар.


«Ал-Рамта» (Урдун) - «Ал-Қодсия» (Кувайт) – 0:3


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Ал-Шорта» (Сурия) 2 2 0 0 3-0 6
2 «Ал-Қодсия» (Кувайт) 2 1 0 1 3-1 3
3 «Ал-Рамза» (Урдун) 2 1 0 1 1-3 3
4 «Равшан» (Тоҷикистон) 2 0 0 2 0-3 0


Тақвими бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «D»:

Даври 3-юм
3-юми апрел (чоршанбе)
«Ал-Шорта» (Сурия) – «Ал-Рамза» (Урдун)
«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Равшан» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум
9-уми апрел (сешанбе)

«Ал-Рамза» (Урдун) – «Ал-Шорта» (Сурия)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 5-ум
23-юми апрел (сешанбе)

«Ал-Шорта» (Сурия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)
«Ал-Рамза» (Урдун) – «Равшан» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум
30-юми апрел (сешанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ал-Рамза» (Урдун)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Ал-Шорта» (Сурия)
XS
SM
MD
LG