Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси эронӣ дар Душанбе гуруснанишинӣ мекунад


Дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе Акбари Асғарзода-маҳбуси эронӣ дубора ба гуруснанишинӣ оғоз кардааст. Вай бо ин гуруснанишинӣ хостааст, ки ба парвандааш бозбинӣ сурат бигирад. Вай гуфтааст, то замоне, ки парвандааш бозбинӣ нашавад аз гуруснанишинӣ даст намекашад.

Акбари Асғарзода беш аз як сол аст, ки дар зиндони рақами № 7-и шаҳри Душанбе зиндонист. Ӯ соли гузашта ба иттиҳоми "тамаъҷӯӣ" дар фаъолияти тиҷоратиаш ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд.

Оқои Асғарзода рӯзи чаҳоршанбеи 13-уми март дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ки вазъи саломатиаш ниҳоят бад шуда ва аз даҳону биниаш хун меравад. Ба гуфтаи вай, вазни баданаш то 45 кило кам шуда, аз 104 килограм ба 60 расидааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Раёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба Асғарзода пешниҳоди хидмати тиббӣ кардаанд, аммо вай розӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG