Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти “Регар-ТадАЗ” ба “Ал-Риффа” бо ҳисоби 0:3


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар даври дувуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC- Конфедератсияи футболи Осиё аз тими «Ал-Риффа»-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “А” рӯзи 12-уми март дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳузури бештар аз 8 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Ҳарсе голро Аҳмад-ал-Думӣ, капитани “Ал-Риффа”, ба самар расонд. Ӯ дар дақиқаи 17-ум ҳисобро боз кард. Тӯби дувумро вай дар дақиқаи 45+1 ва голи севумро дар нимаи дувум, дар дақиқаи 69-ум зад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” шоми имрӯз, 12-уми март дастаи “Кувайт”-и Кувайт дар майдони худ бо тими “Сафо”-и Лубнон рақобат мекунад.

Дар ҳамин ҳол дастаҳои "Кувайт" ва "Ал-Риффа" бо 3-имтиёзӣ дар гурӯҳи “А” пешқадаманд. Вале тими “Кувайт” ҳамагӣ як бозӣ кардааст. Дастаҳои “Сафо” ва “Регар-ТадАЗ” 1-имтиёзӣ ба даст овардаанд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Б Ғ М Б Т И
1. “Кувайт” 1 1 0 0 2-0 3
2. “Ал-Риффа” 2 1 0 1 3-2 3
3. “Сафо” 1 0 1 0 1-1 1
4. “Регар-ТадАЗ” 2 0 1 1 1-4 1


Бозии даври севумро дастаи «Регар-ТадАЗ» рӯзи сешанбе, 2-юми апрел, дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо тими «Кувайт»-и Кувайт анҷом медиҳад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон дар Ҷоми AFC – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб 13-уми март дар сафар бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия рақобат мекунад. Бинобар вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия ин бозӣ дар майдони бетараф – дар шаҳри Аззаркаи Урдун, дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG