Дар мусобиқаи қитъавӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар шаҳри Коломбо дастаҳои духтаронаи синнашон то 14-солаи Бангладеш, Бутан, Тоҷикистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон ва Эрон рақобат карданд.
Натоиҷи бозиҳои даври охирин:
Эрон - Тоҷикистон –7:1
Бутан - Ҳиндустон - 0:9
Шри-Ланка - Бангладеш - 0:3
Мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сулаймон Бобокалонов, сармураббии даста, дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Шри-Ланка аз тими Ҳиндустон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда, баъдан бар тими Бутан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозии севумро футболбоздухтарони тоҷик бо тими Бангладеш бо ҳисоби 2:2 анҷом доданд. Дар бозии чорум аз мунтахаби Шри-Ланка бо ҳисоби 1:4 ва дар бозии охирин аз тими Эрон бо ҳисоби 1:7 мағлуб гаштанд.
Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи пеш аз охирин – 5-ум қарор гирифт. Мунтахаби Ҳиндустон бо 15 имтиёз ғолиби мусобиқаи минтақавӣ гардид.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Ҳиндустон 5 5 0 0 33-2 15
2. Эрон 5 4 0 1 21-8 12
3. Бангладеш 5 2 1 2 8-15 7
4. Шри-Ланка 5 2 0 3 9-18 6
5. Тоҷикистон 5 1 1 3 6-17 4
6. Бутан 5 0 0 5 4-23 0