Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби Тоҷикистон ба Шри-Ланка


Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон (U-14) дар бозии чорумаш дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Шри-Ланка рӯзи 9-уми март аз тими мизбон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

Дар мусобиқаи қитъавӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар шаҳри Коломбо дастаҳои духтаронаи синнашон то 14-солаи Бангладеш, Бутан, Тоҷикистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон ва Эрон рақобат доранд.


Натоиҷи бозиҳои даври пеш аз охирин - 4-ум:

Тоҷикистон – Шри-Ланка - 1:4
Ҳиндустон - Эрон - 6:1
Бангладеш - Бутан- 2:1



Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Шри-Ланка аз тими Ҳиндустон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда, баъдан бар тими Бутан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозии севумро футболбоздухтарони тоҷик бо тими Бангладеш бо ҳисоби 2:2 анҷом доданд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Ҳиндустон 4 4 0 0 24-2 12
2. Эрон 4 3 0 1 14-7 9
3. Шри-Ланка 4 2 0 2 9-15 6
4. Тоҷикистон 4 1 1 2 5-10 4
5. Бангладеш 4 1 1 2 5-13 4
6. Бутан 4 0 0 4 4-14 0


Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон:

Даври 5-ум. 10 март, якшанбе: Эрон– Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG