Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидгоҳҳои мутафовити маҳофили журналистӣ дар мавриди ҷоизаи Лоҳутӣ


Бинои маҷмааи "Шарқи озод".
Бинои маҷмааи "Шарқи озод".

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро барои соли 2012 эълон кард.

Ин озмун ҳамасола дар чаҳор бахш, барои «беҳтарин матлаб дар матбуот», «беҳтарин маводи телевизионӣ», «беҳтарин гуфтори радиоӣ» ва барои «беҳтарин маводи илмӣ-таҳқиқотӣ ва ё китоби дарсии журналистика», гузаронида мешавад.

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон рӯзи 9-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имсол ҳашт нафар барандаи ин ҷоиза шуданд.

Мансур Сайфиддинов ва Саидмурод Фаттоев мушовирони раисҷумҳури Тоҷикистон доир ба иҷтимоиёт ва робита ба ҷомеа, барои очерки “Президенти мардумӣ” барандаи ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши “беҳтарин матлаб дар матбуот” шуданд.

Ҳамчунин Илҳоми Ҷамолиён барои сислсиламақолаҳояд дар ҳафтаномаи “Ҳақиқати Суғд”, Давлатхоҷа Назиров барои силсилаи очеркҳояш таҳти унвони “Одамони Фархор” ва Зафари Суфӣ барои як қатор матлабҳояш дар мавриди мушкилоти ВАО-и Тоҷикистон низ барандаи ҷоизаи Лоҳутӣ дар ин бахш шуданд.
Ба ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши “беҳтарин маводи радио ва телевизион” Гуландом Ашурова ва Гулчеҳра Сатторова сазовор дониста шуданд.

Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи "Миллат"
Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи "Миллат"
Аммо журналистони Тоҷикистон дар мавриди ҷоизаи Лоҳутӣ, ки барандагони он дар соли равон маълум шудаанд, назари яксон надоранд. Бархе ҳам ба ин назаранд, ки ин ҷоиза низ мисли ҳамаи ҷоизаҳои дигари боқимонда аз аҳди шӯравӣ боқӣ монда, баёнгари ҳунари воқеӣ ва эътирофи як журналист аз ҷониби мардум нест.

Адолати Мирзо, раиси Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон - "АФРӮЗ" ва сардабири ҳафтаномаи “Миллат” мегӯяд, Иттиҳодияи журналистон як ташкилоти боқимонда аз замони Шӯравист, ки пушти шонаҳои Ҳукумат то ҳол боқӣ мондааст. Худи ин ки ду нафар мушовирони президент барандаи ин ҷоиза шуданд, далели аз Ҳукумат вобаста будани ин созмонро дорад:

“Як журналисти ҳирфаӣ ҳеҷ гоҳ ба худаш иҷоза намедиҳад, ки шахси худашро барои дарёфти чунин ҷоиза пешниҳод кунад. Ин хонанда, шунаванда ва бинанда ҳаст, ки ҳуқуқи маънавии баҳо додани ҳунари журналист, ҷасорати ӯро доранд. Бояд мардум журналисти беҳтаринро интихоб кунанд, на афроди хоси наздик ба Ҳукумат.”

Хонум Адолат ҳамчунин афзуд, ки ба ин ҷоиза танҳо нафароне талош карда метавонанд, ки аъзои иттиҳодияи журналистон бошанд, ҳол он ки интихоби рӯзноманигори беҳтарин озодона ва бидуни ба назар гирифтани мансубияташ ба ин ё он созмон бояд сурат бигирад.

Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, роҳбари иҷроияи гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” мегӯяд, ҳар журналисте, ки худро сазовори ин ҷоиза медонад ва ба талаботи ҷоизаи Лоҳутӣ мувофиқ аст, бояд матлабҳои худро ба комиссияи интихоби ин ҷоиза пешниҳод кунад

Хилватшоҳи Маҳмуд, журналисти тоҷик.
Хилватшоҳи Маҳмуд, журналисти тоҷик.
Баъдан мешавад дар мавриди шаффофияти додани ин ҷоиза сухан гуфт: “Имсол нафарони лоиқ ва сазовор соҳиби ин ҷоиза шуданд. Аз ҷумла Беҳрӯзи Забеҳулло барои тарғиби адабиёту фарҳанги тоҷик дар хориҷ. Зафари Суфӣ барои силсиламақолаҳояш дар мавриди мушкилоти ВАО-и тоҷик. Инчунин Илҳоми Ҷамолиён собиқ роҳбари хабаргузории “Вароруд”, ки аз журналистони маъруфи тоҷик аст. Ҳамаи ин афрод маводҳояшонро барои дарёфти ин ҷоиза пешниҳод карданд ва баранда шуданд.”

Дар ҳамин ҳол, Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, агар худи журналистон барои барандаи ин ҷоиза шудан маводҳояшонро пешниҳод накунанд, албатта соҳиби ин ҷоиза намешаванд:

“Журналистони хуб хеле бисёранд. Вале агар онҳо маводҳояшонро барои дарёфти ин ҷоиза пешниҳод накунанд, айби мо нест. Мо аз он маводҳое, ки пешниҳод мешаванд беҳтаринашро интихоб карда, ҷоизаро медиҳем.”

Ҷаноби Сатторов афзуд, ки ин ҷоиза дар рӯзи матбуоти тоҷик 11-уми март ба барандагонашон тақдим карда хоҳад шуд. Ба гуфтаи Сатторов, барандагони ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ки барои донишҷӯёни факултаҳои журналистика тахсис дода шудааст, рӯзи 11-уми март муайян ва ҳамон рӯз ба соҳибонаш супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG