Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи "Ҷоми Вастан" дар Душанбе оғоз ёфт


Имрӯз, 9-уми март, дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон аввалин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо миёни наврасон барои Ҷоми Вастан шурӯъ шуд.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, «дар рақобатҳо ба ғайр аз паҳлавонони навраси соли таваллудашон 1996-1998 аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон, боз намояндагони Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Узбакистон ва Украина ширкат доранд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн – 46, 50, 55, 60, 66, 73, 81, -90, +90 кг баргузор шуда ва ғолибон бо медалу диплом, либоси варзишии “кимано”ва ҷоизаҳои молӣ мукофотонида мешаванд. Дар ин мусобиқа дзюдочиёни машҳур, барандагони чоизаҳои олимпӣ Тамерлан Тменов аз Русия, Роман Гонтюк аз Украина ва Расул Боқиев аз Тоҷикистон ширкат доранд.»

Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа имрӯз, 9-уми март, соати 17 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон барпо гардид.

Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии Вастан, ба “Озодӣ” гуфт, “умедворем, ки ин мусобиқа ба рушди дзюдо ҳамчун намуди олимпӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарони кишварҳои гуногун мусоидат мекунад ва дар оянда аз байни паҳлавонони наврас устодони бузурги дзюдо ба камол мерасанд. Мо тасмим гирифтем, ки ин мусобиқа анъанавӣ гардида, ҳар сол дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.”
XS
SM
MD
LG