Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми АFС-2013: Бохти “Равшан” ва мусовии “Регар”


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар нахустин бозии Ҷоми AFC- Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи «D» рӯзи 6-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии “Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳузури 13 500 тамошогар баргузор шуд.

Голи ягонаро бозигари меҳмонон Мусъаб Муҳаммад Ал-Лаҳҳам дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 68-ум, ба ҳадаф расонд.

Баъди анҷоми бозӣ Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии дастаи “Равшан”, дар нишасти матбуотӣ чунин гуфт: «Ин аввалин бозии мо дар Ҷоми АФК буд. Ба фикрам, мо хуб бозӣ кардем, вале, мутаассифона, лаҳзаҳои голзаниро истифода карда натавонистем. Дар футбол як қоидаи маъмул аст: агар ту гол назанӣ, ба ту гол мезананд. Рақибамон аз имконияти худ истифода бурд ва муваффақ гашт. Ҳар як бохт ин дарс аст. Мо аз ин хулосаи даркорӣ мебарорем ва дар бозиҳои оянда хубтар бозӣ хоҳем кард”.

Билол Ёсин Салим Ал-Лаҳҳам, сармураббии дастаи «Ал-Рамза», дар ин нишаст ба хабарнигорон чунин иброз дошт: «Ин бозӣ барои мо осон набуд. Мо дар бораи “Равшан” пеш аз ин маълумоти зиёд надоштем. Ва аммо рақибро хуб омӯхтем ва дар нимаи дувуми бозӣ баъзе тағйироте, ки дохил кардем, ба фоидаи кор шуд ва як гол зада, бозиро бурдем. Аз бозигарон сипосгузорам, ки дастури маро ба ҷо оварданд. Албатта, ғалаба ба мо ба осонӣ муяссар нашуд. Ман хеле хушҳолам, ки мо се имтиёз ба даст овардем. Ва акнун ба бозии навбатӣ омодагӣ мебинем”.

Бозии дувуми “Равшан” дар Ҷоми AFC 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия барпо мегардад. Бинобар вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия ин бозӣ дар майдони бетараф – дар шаҳри Аззаркаи Урдун, дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад, ки ғунҷоишаш 17 ҳазор тамошогар аст, баргузор мешавад.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дастаи “Ал-Шорта”-и Сурия дар сафар бар тими “Ал-Қодсия”-и Кувайт бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.


Ҷоми АFK. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал-Рамза» (Урдун) - 0:1
Гол: Мусъаб Ал-Лаҳҳам, 68.
«Равшан» (Тоҷикистон): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Содиқ Мӯсо, Дэвид Мауто, Одил Эргашев (капитан), Сайриддин Ғаффоров (Наврӯз Рустамов, 76), Абдусамад Ҳоҷибоев, Ҳикматулло Расулов (Бахтиёр Ҳасанов, 72), Течи Соломон, Давронҷон Тухтасунов (Индус Ҳусейнов, 74), Нуъмонҷон Ҳакимов.

«Ал-Қодсия» (Кувайт) - «Ал-Шорта» (Сурия) - 0:1
Гол: Моҳир Ал-Саид, 90+5 – аз пеналтӣ.

Ҷ Дастаҳо И В Н П М О
1 «Ал-Рамза» (Урдун) 1 1 0 0 1-0 3
2 «Ал-Шорта» (Сурия) 1 1 0 0 1-0 3
3 «Равшан» (Тоҷикистон) 1 0 0 1 0-1 0
4 «Ал-Қодсия» (Кувайт) 1 0 0 1 0-1 0


Ёдовар мешавем, ки намояндаи дигари Тоҷикистон - дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода нахустин бозии гурӯҳи «А”-ро дар варзишгоҳи «Sport Citi»-и Бейрут бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ҳамлагари мизбонон Аҳмад Аломир дар дақиқаи аввали бозӣ ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро дар нимаи дувуми бозӣ ҳамлагар Комил Саидов аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Бозии даври дувумро дастаи «Регар-ТадАЗ» 12-уми март дар шаҳри Хуҷанд бо тими «Ал-Риффа»-и Баҳрайн анҷом медиҳад.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” дастаи “Риффа”-и Баҳрайн дар майдони худ аз тими «Кувайт»-и Кувайт бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

“Кувайт” бо 3 имтиёз дар гурӯҳи “А” пешқадам аст. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Сафо” якимтиёзӣ ба даст овардаанд, вале тими “Риффа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG