Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ «Пойтахт» имрӯз ба эфир бармегардад, агар...


Ҳарчанд Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси телевизиони «Пойтахт», дирӯз дар сӯҳбат ба расонаҳои хабарӣ гуфт, ки баъди насби қисми эҳтиётии фиристандаи мавҷҳои телевизион шоми рӯзи душанбе пахши барномаҳои ин шабака аз сар гирифта мешавад, аммо бо гузашти як рӯз то ҳол мавҷи «Пойтахт» фаъол нест.

Наргис Раҳматшоева, муовини раиси телевизиони «Пойтахт», рӯзи сешанбеи 5 март, зимни шарҳи ин қазия ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ширкати «Квант эфир»- и Украина дирӯз барои телевизиони «Пойтахт» ду дона транзистори MSR-380 овард, аммо ҳангоми васл яке аз ин транзисторҳо ба шиддати қувваи барқ тоб наовард ва сӯхта корношоям шуд. Ба таъкиди вай, мутахассисони ширкати «Телерадиоком» имрӯз транзистори дувумро васл мекунанд ва агар амали онҳо бомуваффақият анҷом ёбад, пахши барномаҳои «Пойтахт» имконпазир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG