Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев: «Вазифаи мо - ба даври баъдӣ роҳ ёфтан”


Сармураббиёни дастаҳо
Сармураббиёни дастаҳо

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода имрӯз, 5-уми март, дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар Бейрут бо тими “Сафо”-и Лубнон рақобат мекунад.

Ин бозии гурӯҳи “А”рӯзи 5-уми март соати 17 ба вақти маҳаллӣ ва соати 20 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Пеш аз ин бозӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, дар як нишасти матбуотӣ чунин иброз доштааст: «Ба мизбонон барои пазироии хуш ташаккур мегӯям. Клуби мо дар мусобиқоти осиёӣ таҷрибаи хуб касб кардааст. Соли 2002 мо то чаҳорякфинали Ҷоми ҷомдорони Осиё баромада, аз бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ мағлуб шуда будем. Ба ғайр аз ин, мо се бор дар Ҷоми раиси АФК пирӯз шудаем. Дар бораи рақиби худ - дастаи «Сафо» мо маълумоти хеле кам дорем. Ва аммо фикр мекунам, ки дараҷаи дастаҳо баробар аст. Дар ин гурӯҳ дастаи «Кувайт»-ро, ки барандаи порсолаи Ҷоми АФК мебошад, барои ғолибият муддаии аслӣ меҳисобам. Вале мо низ барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан мубориза мебарем.”

Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи «Регар-ТадАЗ», дар ин нишаст гуфтааст, «мо ҷамъомади дуҳафтаинаро дар Туркия гузаронидем ва чаҳор бозии санҷишӣ анҷом додем. Ҳарчанд ҳамаи бозиҳоро бохтем, вале омодагии хуб дидем.”

Акрам Салмон, сармураббии дастаи «Сафо», ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар Ироқ ва Лубнон ифои вазифа намуда, вале ягон бор бо дастаи Тоҷикистон бозӣ накардааст. Ӯ афзудааст, “ дар бозии нахустин 15 дақиқаи аввал барои ҳарду даста санҷиши қувваҳост. Ман чунин меҳисобам, ки ҳар як даста метавонад бо бошгоҳи “Кувайт” барои роҳхат ба даври баъдӣ талош варзад. Мо низ мақсад дорем, ки ба даври баъдӣ роҳ ёбем.”

Худор Саломӣ, капитани дастаи «Сафо», низ дар ин нишаст ба суолҳои хабарнигорон посух додааст. Вай гуфтааст, ки «дар бораи «Регар» мо чизе намедонем. Дастури мураббиамонро ба ҷо меорем ва барои аз гурӯҳ баромадан талош мекунем.”
XS
SM
MD
LG