Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо панҷум шуд


Комроншоҳи Устопириён - паҳлавони тоҷик
Комроншоҳи Устопириён - паҳлавони тоҷик

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 2-3-юми март дар Варшава барпо гардид, дар байни панҷ нафари беҳтарин ҷой гирифт.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг бар чаҳор рақибаш – Ҷанчивдорҷ Бунддорҷ (Муғулистон), Герго Фогасӣ (Маҷористон), Павел Плонскӣ (Лаҳистон) ва Предраг Станҷевик (Монтенегро) дастболо шуд. Вале баъдан дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз Людовик Гоберт (Фаронса) мағлуб гашт. Сипас, Комроншоҳ дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм аз Милан Рандл (Словакия) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.


Дар вазни то 90 кг Марк Одентал (Олмон) ғолиб шуд. Людовик Гоберт (Фаронса) ҷойи дувум, Тсогтгерал Хутаг (Муғулистон) ва Милан Рандл (Словакия) ҷойҳои севумро ишғол карданд.


Вале намояндаи дигари Тоҷикистон – Парвиз Собиров дар ин мусобиқа ноком шуд. Вай дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 100 кг аз Даниел Дичев (Булғористон) шикаст хӯрд.


Дар ин вазн Ор Сассон (Исроил) мақоми аввалро соҳиб шуд. Тома Никифоров (Белгия) мақоми дувум, Давид Аларза Палакиос (Испания) ва Клемент Делверт (Фаронса) ҷойҳои севумро касб карданд.


Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа

Мардон

60 кг
1. Сметов, Юлдос (Қазоқистон)
2. Имашев, Аибек (Қазоқистон)
3. Чимед-Юндон, Болдбаатар (Муғулистон)
3. Ибраев, Рустам (Қазоқистон)

66 кг
1. Зантарая, Георгий (Украина)
2. Шамилов, Ёқуб (Русия)
3. Ганбат, Болдбаатар (Муғулистон)
3. Ле Блош, Килиан (Фаронса)

73 кг
1. Таталашвили Нугзари (Гурҷистон)
2. Рехвиашвили Зебеда (Гурҷистон)
3. Госиевски, Ян (Британияи Кабир)
3. Катсуми, Сошин (Олмон)

81 кг
1. Циклаури, Леван (Гурҷистон)
2. Овчинниковс, Константинс (Латвия)
3. Буга, Максим (Русия)
3. Жоуберт Квентин (Фаронса)

90 кг
1. Одентал, Марк (Олмон)
2. Гоберт, Людовик (Фаронса)
3. Хутаг, Цогтгерел (Муғулистон)
3. Рандл, Милан (Словакия)

100 кг
1. Сассон, Ор (Исроил)
2. Никифоров, Тома (Белгия)
3. Аларза, Давид (Испания)
3. Делверт, Клемент (Фаронса)

+100 кг
1. Прокин, Сергей (Русия)
2. Саидов, Ренат (Русия)
3. Маскетти, Алессио (Италия)
3. Меттис, Йохан (Эстония)
XS
SM
MD
LG