Санҷишро комиссияи ФФТ дар ҳайати 6 нафар – дабири кулли ФФТ Фирдавс Файзуллоев (роҳбар), муовини аввали раиси ФФТ Валерий Турсунов, собиқадори футболи тоҷик Салимҷон Султонов, собиқ довари ФИФА Владимир Домуллоҷонов, раиси бошгоҳи футболи "Регар-ТадАЗ" Шариф Назаров ва мушовири ФФТ Боир Эгамбердиев анҷом дод.
Мураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар, ки аз ин санҷиш гузаштанд, инҳоянд: Никола Кавазович (мунтахаби миллӣ), Мубин Эргашев (мунтахаби миллӣ ва ҷавонон), Никола Лазаревич (мунтахаби миллӣ), Аслиддин Ҳабибуллоев (мунтахаби ҷавонон ва наврасон), Салоҳиддин Ғафуров (мунтахаби ҷавонон), Нӯъмон Юсуфов (мунтахаби ҷавонон ва наврасон), Қаноат Латифов (мунтахаби наврасон), Шавкат Сатторов (мунтахаби футзал), Дамир Камолиддинов (мунтахаби футзал), Назиршо Ризомов (мунтахаби наврасон), Сулаймон Бобокалонов (мунтахаби занона), Элдар Раҳмонов (мунтахаби занона), Раҷаб Расулов (мунтахаби навҷавонон) ва Насим Набиев (мунтахаби наврасон).
Боир Эгамбердиев, мушовири Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба сомонаи ФФТ гуфтааст, «ин гуна чорабинӣ ба баландшавии дараҷаи тахассусии мураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар равона шудааст. Вазифаи аслӣ на танҳо муайян кардани дараҷаи донишҳои ҳирфаии мураббиён, ҳамчунин, минбаъд ба онҳо барои омӯзиши назарияи таълими футбол кӯмак кардан аст”.