Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии доварони футболи Тоҷикистон ба мавсими нав


Ба мавсими нави футбол на танҳо футболбозону мураббиён, ҳамчунин, доварони лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон низ омодагӣ мебинанд.

Раиси кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдураҳим Бобоев дар сомонаи интернетии ФФТ дар бораи омодагии доварон ба мавсими нав чунин гуфтааст: «Агар футболбозони лигаҳои олӣ ва якум дар фасли зимистон имкони се-чор бор дар ҷамъомад ширкат карданро дошта бошанд, пас доварон, аслан, мутақилона машқ мекунанд. Доварони мо омодагиро ба мавсими нав ҳанӯз 7-уми январ шурӯъ карда буданд. Ҳоло онҳо дар маҳалҳо - Душанбе, Хуросон, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Норак ва Хуҷанд омодагӣ мебинанд. Дар як ҳафта, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, панҷ бор тамрин мекунанд. Ба ҷуз ин онҳо бозиҳои санҷиширо бо ширкати дастаҳои лигаҳои оливу якум доварӣ мекунанд. Мо ба омодагии доварон ба мавсим бодиққат назорат мекунем. Ҷамъомади умумии доварон аз 11-ум то 15-уми март дар шаҳри Душанбе дар назар аст”.

Дарвоқеъ, ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) тағйиротро дар рӯйхати доварон барои соли 2013-ум тасдиқ кард. Чанд муддат пеш Федератсияи футболи Тоҷикистон ду номзад - Насрулло Кабиров аз Норак ва Умедҷон Раҳимовро аз Қӯрғонтеппа барои гирифтани мақоми довари ФИФА пешниҳод карда буд. Онҳо Диловар Орзуев ва Рустам Холовро, ки мутаносибан солҳои 2005-ум ва 2006-ум дар рӯйхатҳои ФИФА буданд, иваз карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ба ғайр аз Кабиров ва Раҳимов боз ду довари ФИФА ҳастанд, ки инҳо Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа) ва Хуршед Дадабоев (Хуҷанд) мебошанд.

Дар рӯйхати ёварони довари ФИФА аз Тоҷикистон низ баъзе тағйирот ба амал омадааст. Ҳасан Каримов аз Норак ва Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе ёварони довари ФИФА шуданд. Ҳамчунин, Қурбонмаҳмад Каримов (Норак), Ҳайбулло Нарзуллоев, Дилшод Назипов (ҳарду аз Ҳисор) ва Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) ёварони довари ФИФА аз Тоҷикистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG