Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Равшан” дар бозии санҷишӣ бар ”Ӯротеппа”


Tajikistan,Sugh region, a football game betwen tajik teams "Ravshan" and "Uroteppa",27February2013
Tajikistan,Sugh region, a football game betwen tajik teams "Ravshan" and "Uroteppa",27February2013

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки ба нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 омодагӣ мебинад, рӯзи 26-уми феврал дар шаҳри Қайроққум боз як бозии санҷишӣ анҷом дод.

Ин дафъа “Равшан”, қаҳрамони Тоҷикистон, бар дастаи «Ӯротеппа» (собиқ «Далерон»)-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Голҳои “Равшан”-ро Нуъмонҷон Ҳакимов, Течи Соломон ва Чарлз Тико ба ҳадаф расонданд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин бозии дастаи “Равшан” дар мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D” бо тими “Ал-Рамза”, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун, 6-уми март (рӯзи чоршанбе, соати 15) дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», баргузор мешавад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон дар Ҷоми AFC-2013 - дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар ҳамин ҳол дар Белеки Туркия тамрин мекунад, бозии охирини санҷиширо рӯзи 28-уми феврал бо дастаи «Сулземус» (Sulzemoos) аз Мюнхени Олмон анҷом медиҳад.

Ба иттилои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, футболбозони шаҳри Турсунзода дар Туркия ба Ҷоми AFC-2013 то 2-юми март омодагӣ мебинанд. Баъдан рӯзи 3-юми март даста барои ширкат дар нахустин бозии мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC бо тими «Сафо»-и Бейрут ба Лубнон сафар хоҳад кард. Ин бозии гурӯҳи “А”рӯзи 5-уми март баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG