Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи “Истиқлол” бар дастаи ҷавонони “Жетису”


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар ҳайати ҷавонони бошгоҳи «Жетису»-и Қазоқистон бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд.

Ин бозии санҷишӣ, ки рӯзи 26-уми феврал дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд барпо гашт, хеле пуршиддату шавқангез сурат гирифт.

Ҳисобро дар дақиқаи 6-ум нимҳимоятгари “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев кушод. Вале баъдан футболбозони қазоқ ба дарвозаи “Истиқлол” ду гол заданд. Дар дақиқаи 35-ум Ҷаҳонгир Эргашев ҳисобро баробар кард – 2:2. То танаффус дастаҳо боз якголӣ заданд. Голи севуми “Истиқлол”-ро ҳимоятгар Соҳиб Саванқулов ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 67-ум бозигарони захиравии «Жетису» боз ба пеш баромаданд. Баъди се дақиқа капитани “Истиқлол”Дилшод Восиев ҳисобро баробар намуд. Голи панҷум ва ҳалкунандаи “Истиқлол”-ро дар охири бозӣ нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов зад.

Ҳайати «Истиқлол» дар ин бозӣ чунин буд: Никола Стошич, Эраҷ Раҷабов, Наим Улмасов, Соҳиб Саванқулов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Умедҷон Шарифов, Аҳтам Назаров, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев. Дар ҷараёни бозӣ Саидҷон Саидраҳмонов, Эмомалӣ Сониев, Юдҷин Сепуйя ва Вайсиддин Сафаров ҳамдастаҳои худро иваз карданд.

Дарвоқеъ, Алишер Тӯйчиеви 36-сола, дарвозабони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки се соли ахир дарвозаи “Истиқлол”-ро ҳимоят мекард, дар айни ҳол дар ҳайати тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд тамрин мекунад.

Дар дастаи «Хуҷанд», инчунин, собиқ бозигарони “Истиқлол” Маҳмадалӣ Содиқов ва Юсуф Рабиев, собиқ футболбозони «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Сиёвуш Асроров, Ҷамолиддин Зардиев ва Сергей Абрамов, легионери русиягӣ Руслан Кузнетсов, ки соли гузашта дар дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бозӣ мекард, таҳти раҳбарии Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, машқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG