Дар ин бозии санҷишӣ, ки рӯзи 22-юми феврал баргузор шуд, голи ягонаи «Регар-ТадАЗ»-ро ҳамлагар Комил Саидов, узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба самар расонд.
Ҳайати дастаи “Регар-ТадАЗ» дар ин бозӣ таҳти сарварии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев чунин буд: Фарҳод Юлдошев, Далерҷон Тухтасунов, Фаррух Чориев, Сафаралӣ Каримов, Фабритсио Фрейтас , Расул Файзов, Арий Элайҷа, Хуршед Маҳмудов, Элтон Луис, Аккуфо Гершон, Комил Саидов .
Дар ҷараёни бозӣ ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Акмал Сабуров, Ҷамшед Исмоилов, Шодибек Ғаффоров, Далер Шомуродов.
Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар Туркия рӯзи 26-уми феврал бо тими премйер-лигаи Украина - «Арсенал»-и Киев бозии санҷишӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, тими «Регар-ТадАЗ» дар Туркия дар нахустин бозии санҷишӣ аз тими дивизиони аввали Сербия - «Младеноватс» бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.
Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат рӯзи 22-юми феврал дар майдони худ дар бозии санҷишӣ бар тими «Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 2:1пирӯз шуд. Ду голи мизбононро бозигари нави даста Ҳусейн Сӯҳробии эронӣ ба ҳадаф расонд. Як голи меҳмононро Шавкати Ҳотам зад.
Бояд гуфт, ки бозии санҷишии “Хайр”-ро дар шаҳри Ваҳдат Худодод Азизӣ, беҳтарин футболбози Осиё-1996, собиқ ҳамлагари тими мунтахаби миллии Эрон, назора кард.
Ба иттилои Баҳриддин Мирзоев, сардори бошгоҳи футболи “Хайр”, ҳадафи сафари Худодод Азизӣ бастани шартнома бо дастаи лигаи олии Тоҷикистон - “Хайр”-и Ваҳдат мебошад ва ӯ метавонад сармураббии дастаи «Хайр» шавад.