Пайвандҳои дастрасӣ

Тамдиди шартномаи «Истиқлол» бо Никола Кавазович


Никола Кавазович (аз тарафи дасти чап) ва Муродҷон Умаров

Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе шартномаро бо сармураббии даста Никола Кавазович тамдид кард.

Шартномаи нав бо мутахассиси 37-солаи сербиягӣ то охири соли 2013-ум баста шуд. Ба ин ҳуҷҷат Муродҷон Умаров, менеҷери бошгоҳи «Истиқлол» ва Никола Кавазович имзо гузоштанд.

Муҳлати шартномаи пешин бо Кавазович, ки моҳи апрели соли гузашта ба имзо расида буд, ахири мавсими соли 2012-ум хотима ёфт.

Тамдиди шартнома 18-уми феврал дар шаҳри Қайроққум, ки дар ин ҷо дастаи «Истиқлол» тамрин мекунад ва ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинад, баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”, ки соли гузашта бо роҳбарии Никола Кавазович дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон мақоми севумро касб карда буд, имсол мақсад дорад, ки ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шавад. Ҳамчунин, порсол “Истиқлол” барандаи Суперҷоми Тоҷикистон ва Ҷоми раиси АФК гардида буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG