Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов аз 17-ум то 21-уми марти соли равон баргузор мешаванд.
Ба шаш бозии ин мусобиқа 4 сардовар, 5 ёвари сардовар, 2 комиссар ва як нозири доварон хидмат мерасонанд. Инҳо доварони ФИФА Ҷамол Ҷумъа Абдулҳасан Муҳаммад (Баҳрайн), Алӣ Сабоҳ Аддаӣ Ал-Касӣ (Ироқ), Масъуд Туфайлӣ Ҷамил Найфӣ (Сурия) ва Умар Алӣ Абдулло Ҷумъа Алнабӣ (АМА); ёварони сардовар Абдуллоҳ Толиб (Лубнон), Алӣ Маяд Муҳаммад Алӣ (Ироқ), Закариё Қанат (Сурия), Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Алҳамадӣ (АМА) ва Ал-Ҳасанӣ Алӣ Муҳаммадд Аҳмад (Яман) мебошанд. Комиссарони бозиҳо - Чанг Чин-По (Тайван) ва Лин Вейгу (Чин), нозири доварон - Муроди Масъуд Ҳасаналӣ (Эрон).
Панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд. Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.
Ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки рӯзи 3-юми март дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд шурӯъ мешавад, 27 бозигар: 4 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд. 23 нафари онҳо ба дархости даста барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар Бишкек дохил мешаванд.
Дар рӯйхати васеъ ному насаби ду легионер - ҳимоятгар Фарҳод Восиев аз тими «Волгар»-и Астрахани Русия ва Давронҷон Эргашев аз дастаи «Иртиш»-и Павлодари Қазоқистон зикр ёфтааст. Аз ҳама бештар – 12 футболбоз аз тими “Истиқлол”-и Душанбе даъват шудаанд. Ҳафт бозигар аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, чаҳор нафар аз «Хуҷанд»-и Хуҷанд мебошанд. Ба дастаи мунтахаби кишвар боз ду нафари дигар - дарвозабон Алишер Тӯйчиев ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров, ки бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанберо тарк карда, дар айни ҳол дар ягон даста бозӣ намекунанд, даъват шудаанд.
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев (дар ҳамин ҳол узви ягон бошгоҳ нест), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Абдулазиз Маҳкамов («Хуҷанд»), Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Волгар», Астрахан, Русия), Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев («Иртиш», Павлодар, Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов, Алексей Неъматов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров («Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Умедҷон Шарифов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Иброҳим Рабимов (ҳама – «Истиқлол»), Маҳмадалӣ Содиқов («Хуҷанд»), Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Юсуф Рабиев («Хуҷанд»), Фарҳод Тоҳиров (дар ҳамин ҳол узви ягон бошгоҳ нест).