Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони “Judo Grand Slam” дар Порис


Мусобиқаи пурнуфузтарини дзюдо бо номи “Paris judo Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузурги дзюдо”) дар Порис ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар пойтахти Фаронса рӯзҳои 9-10-уми феврал баргузор шуд, ҳудуди 400 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
Мусобиқа дар қасри варзишии “Берси”-и Порис миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн мардон ва 7 вазн занон) сурат гирифт.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Барои ҷойи аввал 5 ҳазор доллар, барои ҷойи дувум 3 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои севум якуним ҳазор долларӣ мукофотпулӣ супурда шуд.
Ҳамчунин барандагони медалҳои тилло барои рейтинг ё феҳрист соҳиби 500 имтиёз, нуқра – 300 имтиёз ва биринҷӣ 200 имтиёз гардиданд. Барои ҷойҳои 5-ум низ 100- имтиёзӣ дода шуд.

Дар сабқати мардон мизбонон – варзишгарони Фаронса дар ду вазн пирӯз шуданд. Дар панҷ вазни дигар гуштигирони Ҷопон, Муғулистон, Узбакистон, Гурҷистон ва Ҷумҳурии Чех ғолиб омаданд.

Ғолибону ҷоизадорони сабқати мардон:

-60 кг
1. ТАКАНО, Наохиса (Ҷопон)
2. ҶАНГ, Ҷин-Мин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. МУДРАНОВ, Беслан (Русия)
3. ПАПИНАШВИЛИ, Амиран (Гурҷистон)

-66 кг
1. ЛАРОСЕ, Давид (Фаронса)
2. ДАВААДОРЖ, Тумурхулег (Муғулистон)
3. ЧО, Ҷин-Хо (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ТАКАҶО, Томофуми (Ҷопон)

-73 кг
1. ХАШБААТАР, Тсагаанбаатар (Муғулистон)
2. МЕНДОНКА, Бруно (Бразилия)
3. ЭЛМОНТ, Декс (Нидерланд)
3. ОНО, Шохей (Ҷопон)
-81 кг
1. ИМОМОВ, Яҳё (Узбакистон)
2. СРИКИШВИЛИ, Автондил (Гурҷистон)
3. НАГАШИМА, Кеита (Ҷопон)
3. ПЕНАЛБЕР, Виктор (Бразилия)

-90 кг
1. ЛИПАРТАЛИАНИ, Варлам (Гурҷистон)
2. ГОНЗАЛЕС, Аслей (Куба)
3. ЧОРИЕВ, Дилшод (Узбакистон)
3. КАТО, Хиротака (Ҷопон)

-100 кг
1. КРПАЛЕК, Лукас (Ҷумҳурии Чех)
2. БАТТУЛГА, Темуулен (Муғулистон)
3. ГРОЛ, Хенк (Нидерланд)
3. МАРЕТ, Кирилл (Фаронса)

+100 кг
1. РИНЕР, Тедди (Фаронса)
2. КИМ, Сун-Мин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ЧО, Гуҳам (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ШИЧИНОХЕ, Руи (Ҷопон)

Дар робита ба ин мавзӯъ, Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “дар мусобиқаи “Paris Judo Grand Slam” варзишгарони тоҷик ширкат надоштанд. Вай афзуд, “ду паҳлавони маъруфи тоҷик - Парвиз Собиров (дар вазни то 100 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (дар вазни то 90 кг) дар айни ҳол ба ду мусобиқаи байналмилалӣ омодагӣ мебинанд. Нахуст ҳарду дар мусобиқаи “Гран-при” оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 23-24-уми феврал дар шаҳри Дюселдорфи Олмон биргузор мешавад, ширкат мекунанд. Баъдан онҳо дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 2-3-юми март дар пойтахти Лаҳистон – Варшава барпо мегардад, иштирок хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол Парвиз дар Душанбе тамрин мекунад. Комроншоҳ бошад, дар ҷамъомади таълимиву тамринии дуҳафтаина, ки дар шаҳри Челябински Русия то рӯзи 21-уми феврал идома меёбад, ширкат дорад.”
XS
SM
MD
LG