Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФФТ ба беҳтаринҳои соли 2012 ҷоиза месупорад


Имрӯз, 5-уми феврал дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ва беҳтаринҳои мавсими соли 2012-ум баргузор мешавад.

Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон , ба “Озодӣ” гуфт, дар ин маросими ботантана нахуст Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натоиҷи мавсими футболи соли гузашта гузориш медиҳад.

Дар маросими мукофотсупорӣ ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб - қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2012-ум, ҷому ифтихорнома, ба роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста медалҳои тиллои мусобиқоти XXI қаҳрамонии футболи кишвар супурда мешавад.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои ҷойи дувум бо ифтихорнома, роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста бо медалҳои нуқраи мусобиқоти лигаи олӣ сарфароз хоҳанд гашт.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои ҷойи севум бо ифтихорнома, роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста бо медалҳои биринҷии мусобиқот қадрдонӣ мешаванд.

Се дастаи беҳтарини лигаи якум – “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (ғолиби мусобиқаи соли 2012-ум), “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ (ҷойи дувум) ва “Ҳулбук”-и Восеъ (ҷойи севум) мутаносибан бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз мешаванд.

Баъдан ба беҳтаринҳои соли 2012-ум - беҳтарин дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар, беҳтарин бозигари сол, беҳтарин нишонзан, беҳтарин мураббӣ, беҳтарин довари сол, беҳтарин мураббии футболи кӯдакона, беҳтарин футболбоззани сол ва беҳтарин мураббии футболи занона ҷоизаҳои ФФТ супурда мешаванд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин, беҳтаринҳоро дар риштаи футзал бо ҷоизаҳо сарфароз мегардонад.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, ба ин маросим сарпарастону собиқадорони футболи тоҷик низ даъват шудаанд. Ба онҳо тӯҳфаҳои Федератсияи футболи кишвар тақдим мешаванд.
XS
SM
MD
LG