Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия – барандаи Ҷоми Иттиҳод-2013


Русия соҳиби Ҷоми Иттиҳод - 2013 шуд
Русия соҳиби Ҷоми Иттиҳод - 2013 шуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Русия барандаи Ҷоми Иттиҳод-2013 гардид.

Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Русия ва Украина шаби якшанбе, 27-уми январ дар маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Мунтахаби Русия (сармураббии даста Николай Писарев), ки бар тими Украина бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардид, барои дувумин бор паиҳам бо Ҷоми Иттиҳод ва аъзои даста бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Ба мунтахаби Украина барои ҷойи дувум медалҳои нуқра супурда шуд.

Русия - Украина - 4:2 (2:1)
Голҳо: Бочаров, 5 (1:0). Калитвинсев, 14 (1:1). Панюков, 38 (2:1). Иванко, 64 (2:2). Панюков, 75 (3:2). Маҳмудов, - 90+5 - аз пеналтӣ (4:2).

Русия: Лобансев, Семёнов, Никитин (капитан), Зуев, Голубев, Ламбарский, Митришев (Василев, 88), Қаюмов (Амбарсумян, 79), Бочаров, Обухов (Маҳмудов, 65), Панюков.
Украина: Шевченко, Насонов (Мякушко, 61), Иашвили, Приндета, Озаркив (Акубардия, 46. Галчук, 90+4), Нойок (капитан), Бабенко, Таши (Месхия, 52. Филиппов, 73. Полярус, 83), Калитвинсев, Караваев, Яковенко (Иванко, 58).
Огоҳонида шуд: Караваев, 72.
Аз майдон хориҷ шуд: Шевченко, 90+3.
Доварон: Михаил Белов, Андрей Веретешкин, Александр Богданов (ҳама - Русия).

27-уми январ, Санкт-Петербург, МВК «Петербургский», 10 000 тамошогар. Пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои Беларус ва Литва барои ҷойи 3-юм мубориза бурданд. Мунтахаби Беларус, ки бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард, барандаи медалҳои биринҷӣ шуд. Барои ҷойи 5-ум дастаи Молдова бар мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Вале дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 барои ҷойи 7- ум аз тими Узбакистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ низ рӯзи якшанбе, 27-уми январ дар маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.



Ҳисобро дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 54-ум Владимир Козак, капитани мунтахаби Узбакистон, боз кард. Баъди зарбаи ӯ аз ҷаримагоҳ дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Саидҷон Саидраҳмонов маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад. Аббосбек Маҳсталиев, бозигари дастаи Узбакистон, дар дақиқаи 68-ум тӯберо, ки дарвозабони Тоҷикистон баргардонд, аз масофаи наздик вориди дарвоза намуд ва ҳисобро афзун кард (2:0).




Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ин бозӣ бо чунин ҳайат ба майдон омада буд: Саидҷон Саидраҳмонов (Эмомалӣ Сониев, 88), Руслан Тиллоев, Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (Фуруғ Қодиров, 52), Нуриддин Давронов (капитан), Ҷамолиддин Зардиев (Шамсиддин Қосимов, 77), Расул Файзов (Павел Кулагин, 85), Аҳтам Назаров, Наврӯз Рустамов (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Шодибек Ғаффоров (Фирдавсӣ Қурбонов, 75).

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Узбакистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳмадҷон Мусоев чунин буд: Асилбек Амонов (Ғанишер Холмуродов, 69), Тоҳирҷон Шамшиддинов, Бобурбек Юлдошев, Максимилян Фомин, Аббосбек Маҳсталиев (Абдуллоҳ Олимов, 87), Владимир Козак (капитан), Ҷаҳонгир Абдумуминов (Муҳсинҷон Убайдуллоев, 66), Ҷамшед Искандаров (Ҷасурбек Ҳакимов, 84), Темур Ҳакимов, (Абдулазиз Юсуфов, 78), Игор Сергеев (Ихтиёр Тошпулодов, 80), Ҷамолиддин Саидов.

Доварони бозӣ: сардовар – Владимир Селдяков, ёваронаш – Алексей Крохин, Александр Шимаригин, довари эҳтиётӣ – Герман Кравченко. Нозири бозӣ – Юрий Безбородов (ҳама аз Русия).
Огоҳонида шуданд: Абрамов (24), Фомин (29), Асроров (63), Абдумуминов (65).
Аз майдон хориҷ шуд : Тиллоев (63).

27 –уми январ, Санкт-Петербург, МВК «Петербургский», 500 тамошогар.
Ба ин тартиб мунтахаби Узбакистон миёни 12 даста мақоми 7-умро касб кард. Дастаи Тоҷикистон дар ҷойи 8-ум қарор гирифт. Ин натиҷаи ба даст овардаи футболбозони ҷавони тоҷик нисбат ба мусобиқаи соли 2012-ум се зина болост. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом дод: 2 бурд бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва 4 бохт ба Беларус – 2:5, Литва - 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбакистон – 0:2, таносуби тӯбҳояш – 6-11.

Мубин Эргашев
Мубин Эргашев
Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон чунин гуфтааст: “Умуман ман аз ҳунарнамоии дастаамон дар Ҷоми Иттиҳод қаноатмандам. Нисбат ба соли гузашта пешравӣ ба назар мерасад. Мо аз гурӯҳи худ ба чорякфинал баромадем, вале ба фикри шахсии ман мо метавонистем, ки ба даври баъдӣ роҳ ёбем. Мо дар даври ниманиҳоӣ аз мунтахаби Литва аз рӯи пеналтӣ мағлуб шудем. Мо бояд бар дастаи Молдова ғалаба мекардем, вале ин футбол аст. Шояд бачаҳо баъди он ки ба чорякфинал баромадем, ба қувваи худ бовар надоштанд. Мусобиқа анҷом ёфт ва мо ҳатман хулоса мебарорем. Мехостам ба ташкилкунандагон барои дар сатҳи баланд баргузор кардани мусобиқа ва муносибати ҳирфаӣ изҳори сипос намоям. Мо аз ҳеҷ чиз камбудӣ надоштем ва таваҷҷӯҳу дастгирии мизбононро дар ҳамаи масъалаҳо ҳис мекардем.”

Рӯзи шанбе, 26-уми январ дастаи Қирғизистон бар мунтахаби Эстония аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4 : 3 (замони асосӣ – 2:2) пирӯз шуд ва дар ҷамъбаст мақоми 9-умро касб кард. Мунтахаби Эстония 10-ум шуд. Дастаи Латвия, ки тими Туркманистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, ҷойи 11-умро соҳиб гашт. Мунтахаби Туркманистон чун мусобиқаи соли гузашта дар ҷойи охирин – 12-ум қарор гирифт.

Мавқеи дастаҳо баъди ҷамъбасти Ҷоми Иттиҳод-2013: 1. Русия. 2. Украина. 3. Беларус. 4. Литва. 5. Молдова. 6. Қазоқистон. 7. Узбакистон. 8. Тоҷикистон. 9. Қирғизистон. 10. Эстония. 11. Латвия. 12.Туркманистон.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа ба ғолибону беҳтарин бозигарон ҷоизаҳо супурда шуданд. Мирослав Лобансев (Русия) беҳтарин дарвозабон, Иля Зуев (Русия) беҳтарин ҳимоятгар, Павел Савитский (Беларус) беҳтарин нимҳимоятгар, Юрий Яковенко (Украина) беҳтарин ҳамлагар ва Андрей Панюков (Русия) беҳтарин нишонзан (6 гол) ва Дмитрий Қаюмов (Русия) беҳтарин бозигар дониста шуданд.

Ҷоми Иттиҳод-2013

23-юми январ (чоршанбе)
1/4 финал. Беларус – Қазоқистон – 2:1
1/4 финал. Тоҷикистон – Литва – 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4)
1/4 финал. Украина - Молдова - 5:0
1/4 финал. Русия - Узбакистон- 2:0

24-уми январ (панҷшанбе)
Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Эстония - Туркманистон - 2 : 1
Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Қирғизистон - Латвия - 1 : 1 (аз рӯи пеналтӣ - 5 : 3)

25-уми январ (ҷумъа)
Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Узбакистон – Қазоқистон – 3:2
Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Тоҷикистон – Молдова – 1:3
Нимфинал. Литва – Украина 1:2
Нимфинал. Русия – Беларус – 2:1

26-уми январ (шанбе)
Бозӣ барои ҷойи 11-ум. Туркманистон – Латвия - 0:4
Бозӣ барои ҷойи 9-ум. Қирғизистон - Эстония – 2:2 (аз рӯи пеналтӣ - 4 : 3)

27-уми январ (якшанбе)
Бозӣ барои ҷойи 7-ум. Узбакистон – Тоҷикистон – 2:0
Бозӣ барои ҷойи 5-ум. Қазоқистон – Молдова - 0:1
Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Беларус – Литва - 2:0
Финал. Русия – Украина – 4:2
XS
SM
MD
LG