Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши паҳлавонони тоҷик барои ҷоизаҳои Назарбоев


Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат хоҳанд кард.

Муовини сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа, ки аввалин давраи Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ бо ширкати беш аз 300 гуштигир (мардону занон) аз 15 кишвари ҷаҳон рӯзҳои 27-ум ва 28-уми январ дар шаҳри Уралски Қазоқистон барпо мегардад.

Ҷаноби Абдуллоҳ афзуд: «Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 гуштигир дар намуди самбои варзишӣ байни мардон намояндагӣ мекунанд. Миёни онҳо Акмалиддин Каримов, ки дар ин мусобиқа солҳои 2011-ум ва 2012-ум дар рақобатҳо дар вазни то 57 килограмм ҷойи дувумро касб намуда, бо медали нуқра сарфароз гашта буд, инчунин, паҳлавонони маъруфи кишвар, ба монанди Сайёд Шайхов (74 кг), Зайналобиддини Аъзамхон (82 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг) ва Неъматулло Асронқулов (100 кг) ҳастанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ҳамчунин, гуштигирони ҷавон – Каъбатулло Аминов (62 кг), Бежан Алиев (68 кг), Хуршедҷон Сафаров, Иззатуллои Давлатмаҳмад (ҳарду дар вазни 82 кг), Аҳтам Ҳусейнов ва Қодир Маҳмадраҳимов (ҳарду – беш аз 100 кг) дохиланд.”

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ ин мусобиқа дар Уралск барои бори чаҳорум баргузор мешавад. Паҳлавонони тоҷик бегоҳи имрӯз, 24-уми январ бо ҳавопаймо ба шаҳри Самараи Русия парвоз карда, баъдан аз он ҷо тавассути нақлиёти автомобилӣ ба Уралск мераванд.

Соли гузашта гуштигирони тоҷик дар ин мусобиқа як медали нуқра (Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг) ва ду медали биринҷӣ (Ибод Шайхов ва Илҳомиддин Алиев дар вазни беш аз 100 кг) ба даст оварда буданд.
XS
SM
MD
LG