Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш медали тиллои варзишгарони тоҷик дар Ҷоми каратэ-до


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии солинавии каратэ-до шотокан миёни бачагону наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Волгогради Русия 15 медал ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон мусобиқа аз рӯи қоидаҳои SHOBU ва WKF бо ширкати наздики 500 варзишгари синнашон аз 8 то 21-сола аз 8 кишвар аз рӯи дараҷаи мухталифи вазнҳо баргузор шуд. Ба варзишгарони чаҳор кишвар - Арманистон, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон муяссар шуд, ки бо медалҳои мусобиқа мукофотонида шаванд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ шаш варзишгари тоҷик ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Азизҷон Худойбердиев дар байни бачаҳои синнашон 12-13-сола дар вазни 35 кг, Назираҷон Нозимова миёни духтарони 14-15-сола дар вазни 54 кг, Илҳом Мирпочоев миёни наврасони 16-17-сола дар вазни 55 кг , Далерҷон Баротов миёни навҷавонони 18-21-сола дар вазни 67 кг, Мавлудахон Тӯраева миёни духтарони синнашон аз 16-сола боло дар вазни 67 кг ва Дилшод Аҳмадов дар байни навҷавонони 18-21-сола дар вазни 75 кг ғолиб шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа, ҳамчунин, бо 5 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG