Пайвандҳои дастрасӣ

Фирӯз Ёқубов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии озод миёни ҷавонон ба хотираи Кабден Байдосов, гуштигири маъруфи қазоқ, дар шаҳри Алматӣ ғолиб шуд.

Ба иттилои Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 350 гуштигири ҷавон аз 5 кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд.

Аз байни чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар ин мусобиқа иштирок карданд, ба як нафар - Фирӯз Ёқубов муяссар шуд, ки соҳиби медали тилло гардад. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 85 кг бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуд ва мақоми аввалро касб намуд.

Бояд гуфт, ки Фирӯз Ёқубови душанбегӣ соли 2011-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод миёни наврасон дар Тайланд дар вазни то 85 кг нишони биринҷӣ ба даст оварда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG