Пайвандҳои дастрасӣ

Комроншоҳ – ғолиби мусобиқаи умумирусиягӣ


Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, ғолиби мусобиқаи XXXII умумирусиягии “Дӯстии халқҳо” оид ба дзюдо гардид.

Ба иттилои Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа бо ширкати беш аз 100 варзишгар аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ғайра дар шаҳри Новосибирск баргузор шуд.

Вай афзуд, “Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 100 кг дар ҳамаи панҷ қувваозмоӣ бар рақибонаш бо баҳогузории “иппон” ғалабаи соф ба даст овард ва мақоми аввалро касб кард.”

Бояд гуфт, ки соли 2012-ум барои Комроншоҳи 19-сола соли бобарор гардид. Вай дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар София (Булғористон) дар сабқати навҷавонон дар вазни то 90 килограмм пирӯз гашта, бо медали тилло мукофотонида шуд. Инчунин ӯ қаҳрамони Осиё оид ба самбо миёни ҷавонон дар Тошканд, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни ҷавонон дар Тайван, барандаи ду медали тилло дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо бо номи “Умедҳои олимпӣ – Ҷоми Ғалаба” дар шаҳри Санкт-Петербург (Русия), ғолиби Мусобиқаи VI кушодаи умумирусиягӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар Челябинск (Русия) мебошад.

Бар асоси назарпурсии Созмони хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён ду сол паиҳам (2011 ва 2012) ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол дохил шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG