Аз ин қатънома 192 кишвар ҳимоят кардаанд. СММ ду сол пеш аз ҷумла бо ибтикори Тоҷикистон соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон карда буд. Намояндагии Тоҷикистон дар СММ мегӯяд, пешниҳоди эълони чунин Солро бори аввал дар соли 2009 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши панҷуми ҷаҳонии об дар Истамбул ироа карда буд.
Тибқи қатъномаи тасвибшуда, қарор аст, дар соли 2013 ду ҳамоиши муҳим дар масъалаи ҳамкорӣ дар масъалаи доғи об доир шавад. Интизор меравад, ҳамоиши аввал бо номи Муколамаи сатҳи баланди Маҷмаъи умумии СММ рӯзи 22-юми март, ки Рӯзи ҷаҳонии об эълон шудааст, дар мақари СММ – шаҳри Ню-Йорк ва ҳамоиши дувум бо номи Анҷумани байналмилалии сатҳи баланд дар поёни моҳи август дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон – доир шаванд.
Ба гуфтаи Намояндагии Тоҷикистон дар СММ, 48 кишвар, бо шумули Русияву Ҷопон, Эрону Чин, Ҳинду Покистону Афғонистон ва ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Узбакистон, низ ҳимояти худ аз Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар риштаи обро эълон кардаанд. Ҳайъати Тошканд бо пахши як изҳорот дар Маҷмаъи умумии СММ гуфтааст, ки монеъи тасвиби қатънома бо иттифоқи оро нахоҳад шуд, вале анҷуманеро, ки дар Душанбе хоҳад гузашт, ҳамчун нишасти СММ намешуморад ва иҷрои қарорҳояшро ҳам ба зимма намегирад. Ҷониби Узбакистон 2 сол пеш, ба қарори СММ дар бораи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардани соли 2013 низ чунин вокуниш нишон дода буд.
Дар як тамоси телефонӣ аз Сироҷиддин Аслов, намояндаи Тоҷикистон дар СММ нахуст инро пурсидем, ки оё қатъномаи ахир ба осонӣ тасвиб шуд ё хайр?