Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқа ба хотираи Саидмуъмин Раҳимов


Рӯзҳои 22—23-юми декабр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои гиромидошти хотираи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов баргузор шуд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи самбои кишвар ва бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбои ҳаваскорӣ (FIAS) барои бори севум барпо гардид.

Саркотиби ин мусобиқа Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба «Озодӣ» гуфт,“дар ин мусобиқа, ки дар маҷмааи варзишии Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи “Моҳи нав”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, 250 нафар паҳлавонон аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба ин мусобиқа, ҳамчунин, гуштигирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват шуда буданд, вале онҳо ба Душанбе наомаданд. Мусобиқа дар нӯҳ вазн сурат гирифт.”

Ба иттилои Маҳмуди Абдулло панҷ гуштигири душанбегӣ - Хушқадам Хисравов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг) Акрам Содиров (74 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (беш аз 100 кг) ва чаҳор паҳлавони шаҳри Кӯлоб – Бобоҷон Зоиров (52 кг), Зайналобиддини Аъзамхон (82 кг), Комилҷон Шералиев (90 кг) ва Фурқатҷон Назриев (100 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд.

Ғолибони мусобиқа бо ҷом, медалу ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи самбои кишвар ва мукофоти пулии бошгоҳи варзишии “Вастан” мукофотонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буд. Дарвоқеъ, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи ӯ нарасидааст.

Саидмуъмин Раҳимов 13-уми феврали соли 2009 дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид ва даргузашти ҷаҳонпаҳлавон талафоти бузурге барои мардуми Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG