Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи ҷудои демократҳои Бадахшон аз Масъуд Собиров


Демократҳои Бадахшон бо баргузории конфронси вилоятии ҳизб, аз ҷиноҳи сабтиномшудаи ҲДТ бо раҳбарии Масъуд Собиров, канор рафтанд.

Аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Бадахшон бо баргузории конфронси вилоятӣ, аз ин ҳизб, ки раҳбарияшро Масъуд Собиров ба уҳда дорад, канор рафтаанд. Онҳо дар ин ҷаласаи худ вакилон ба анҷумани ғайринавбтии Ҳизби демократро интихоб карданд, ки дар он масъалаи боқӣ мондан ва ё барканории Масъуд Собиров баррасӣ хоҳад шуд.

Иштирокдорони конфронс Масъуд Собировро барои изҳори назари, ба гуфтаи онҳо, “беасос” дар робита ба ҳаводиси Хоруғ ва заъфи фаъолияти ин ҳизб дар пешорӯи интихоботи президентӣ муттаҳам карданд. Раиси бахши вилоятии ҲДТ Марод Мирасанов гуфт, «бидуни маслиҳат бо раёсат дар матбуот гуфтани ин гапҳо, ки ба генерал (манзур Абдуллло Назаров) ҳайкал мондан даркору дар Бадахшон бештар бандитҳо ҳастанд, инро фақат дар асоси қонун суд ё прокуратура муайян мекунад. Дар ҳодисаҳои Хоруғ барои бефаъолиятии ҳизбамон худи Собиров гунаҳкор буд, ягон бор раёсат нагузаронд, телефон накард, наомад, ба ҷойи ин гапҳои буҳтономез гуфт.»

Аммо коршиносони минтақа бар ин назаранд, ки ҳаводиси Хоруғ танҳо баҳона буда, таҳаввулоти навбатӣ дар ҲДТ бевосита ба интихоботи президентии соли оянда рабт дорад. Аз гуфтугӯи пасипардагии иштирокдорони конфронси вилоятӣ чунин бармеомад, ки ҳарос аз ташкили эҳтимолии эътилоф бо ҲНИТ дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2013, сабаби асосии таҳаввулот дар ин ҳизб шудаст.

Раиси бахши вилоятии ҳизб Марод Мирасанов эътироф кард, ки онҳо бар зидди эътилофи ҳизбӣ бо ҲНИТ мебошанд. Ӯ дар суҳбат бо мо баён дошт, ки “дар ин бозиҳо иштирок накардам ва намекунам, вале мо ба ягон ҳизб, аз ҷумла бо Назҳати исломӣ ҳамроҳ намешавем ва нахоҳем шуд. Аммо дар интихоботи президентӣ номзадеро, ки дигар ҳизбҳо агар пешниҳод кунанду он арзанда бошад, дастгирӣ мекунем.»

Ба фикри коршиносони минтақа, таҳаввулоти эҳтимолии навбатӣ дар ҲДТ талош барои сохтани як ҳизби мухолифи мӯътадили идорашаванда аз болост. Зеро, ба қавли онҳо, саҳнаи сиёсии интихоботи президентӣ ба чунин як ҳизби мухолиф бо номи ҲДТ ниёз дорад. Ба андешаи онҳо, аз ин ҳизб иҷрои нақшеро мехоҳанд, ки дар интихоботи гузаштаи президентӣ бархе аз аҳзоби мухолиф, назири Ҳизби сотсиалист ва агарариву ислоҳоти иқтисодӣ бозида буданд.

Масъулини бахши ҲДТ дар Бадахшон мегӯянд, қариб 400 аъзо доранд. Қаблан як ҷиноҳи ин ҳизб худро марбут ба Маҳмадрӯзӣ Искандаров дониста, ҷудо шуда буд, ки раҳбарии онро Муборкшо Иқболшоев бар дӯш гирифтааст. Иқболшоев дар рӯзҳои амалиёти Хоруғ аз тариқи шабакаҳои телевизионии бурунмарзӣ наҳваи баргузории амалиёт дар Хоруғро, ки боиси ҳалокати зиёди сарбозон ва ғайри низомиён шуда буд, мавриди интиқоди шадид қарор дод.
XS
SM
MD
LG