Пайвандҳои дастрасӣ

Рақибони дастаи наврасони Тоҷикистон маълум шуданд


Имрӯз, 11-уми декабр, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) қуръакашии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (U-14) баргузор шуд.

46 дастаи мунтахаби қора аз рӯи мавқеи ҷойгиршавиашон дар қора ба минтақаҳо тақсим шудаанд. Тоҷикистон ба гурӯҳи “С” (минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) дохил шуд ва бо дастаҳои мунтахаби Непал, Бутан, Узбакистон, Молдив ва Афғонистон рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои ин гурӯҳ соли оянда дар Непал баргузор мешаванд. Бар асоси қуръакашӣ ҳамагӣ 8 гурӯҳ ташкил шудааст.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2014-ум баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (U-14):

Гурӯҳи А: Умон, Баҳрайн, Лубнон, Сурия, Ироқ, АМА.
Гурӯҳи В: Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Урдун, Фаластин, Яман.
Гурӯҳи С: Непал, Бутан, Узбакистон, Тоҷикистон, Молдив, Афғонистон.
Гурӯҳи D: Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Шри-Ланка, Қирғизистон.
Гурӯҳи Е: Мянмар, Бруней, Малайзия, Вйетнам, Филиппин, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи F: Тайланд, Лаос, Индонезия, Бангладеш, Сингапур, Камбоҷа.
Гурӯҳи G: Чин, Ҷазоири Мариани Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Гуам.
Гурӯҳи H: Муғулистон, Ҳонконг, Кореяи Шимолӣ, Макао, Ҷопон.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG