Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати дастаи наврасон дар мусобиқаи интихобии Осиё-2014


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2014 ширкат меварзад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, 46 дастаи мунтахаби қора аз рӯи мавқеи ҷойгиршавиашон ба минтақаҳо тақсим шудаанд. Тоҷикистон ба минтақаи "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ” дохил аст.

Дар ин минтақа 12 даста дар ду гурӯҳ рақобат хоҳанд кард. Эрон ва Непал мизбонони мусобиқот мебошанд. Ба ҷуз мизбонон дастаҳои мунтахаби Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистан, Афғонистон, Бутан, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Молдив ва Покистон метавонанд рақибони Тоҷикистон шаванд. Қуръакашӣ рӯзи 11-уми декабр дар Куала-Лумпур (Малайзия) баргузор мешавад
XS
SM
MD
LG