Дар маросими кушоиши академия, ки рӯзи 6-уми декабр, дар ноҳияи Ҳисор баргузор шуд, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт.
Академия дар дараи Алмосӣ, ки солҳои шӯравӣ дар ин мавзеи зебо урдугоҳи дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе ҷой гирифта буд, бунёд ёфтааст.
Тибқи иттилои cомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло дар ин ҷо биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, ҳаммом ва майдонҳои машқу тамрини футбол ва тарбияи ҷисмонӣ дар маҷмӯъ барои қабул ва таълиму тарбияи футболбозони наврас омода гардидааст.
Дар айни ҳол ба академия аз миёни 2 ҳазор нафар довталабон тариқи озмун 80 нафар наврасон қабул шудаанд ва қабули довталабони дигар тавассути озмун идома дорад.
Академияи футболи “Истиқлол” бо ҳолати имрӯза имкон дорад, ки 140 нафар наврасонро барои омӯзиши футбол қабул намояд.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар ин ҷо боз як бинои таълимӣ сохта, шумораи мактаббачагонро ба 280 нафар расонанд. Дӯстдорони навраси футбол дар ин академия на танҳо маҳорату малакаи футболбозӣ меомӯзанд, балки ҳамчунин бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон машқи футболбозони наврасро назорат кард ва худ ба майдон омад. Ӯ ба бозигарони наврас маҳорати тӯбзаниро нишон дод ва аз масофаи 20 метр ду зарба зад, ки дар ҳарду маврид дарвозабон тӯбро аз тӯри дарвоза гирифт.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ дарахт шинонд ва дар кабудизоркунии академия ҳисса гузошт. Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, аз номи дастааш ба раисиҷумҳур либоси варзишӣ барои бозии футбол тақдим кард.
Раиси ҷумҳур пас аз шиносоӣ бо вазъи Академияи футболи “Истиқлол” изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, “ба ман Академияи “Истиқлол”, ки замонавӣ буда, ба стандартҳо мувофиқ аст, таассуроти хуб боқӣ гузошт. Дар ин ҷо барои машқу истироҳати футболбозони наврас тамоми шароит фароҳам аст. Маҷмааи замонавии варзишӣ, ки машғулиятҳои футболро бо мактаби таҳсилоти умумӣ ҳамоҳанг месозад, ба назари ман, тамоми имконияту шароит дорад, ки футболбозони бомаҳорат ва одамони шоистаро тарбия намояд. Замини мо аз истеъдодҳо, минҷумла, футболбозони моҳир бой аст. Ҳамаи имкониятҳоро ба кор бурдан зарур аст, то ин ки онҳо дарёфт карда, пешниҳод шаванд. Бовар дорам, ки Академияи «Истиқлол» тарбиятгоҳи футболбозони ҷавони тоҷик мегардад.”

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, оғоз бахшид. Дар ҳудуди варзишгоҳи марказӣ, ҳамчунин қасри намудҳои гуногуни варзиши обӣ, корти теннис, нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва дигар хизматрасониҳо бунёд хоҳад ёфт.