Пайвандҳои дастрасӣ

“Гулливер”-и тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс


Меҳроҷиддин Каримов

Имрӯз, 6-уми декабр дар шаҳри Белоярски Ханти-Мансийски Русия Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои нафтхез шурӯъ шуд.

Дар ин мусобиқа, ки барои бори даҳум ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сусиёлистӣ Фармон Салмонов, аввалин кашшофи нафт дар Сибир, барпо гаштааст, варзишгарони Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Чин ширкат доранд. Дар байни онҳо қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳониву аврупоӣ ҳастанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Меҳроҷиддин Каримов, муштзани аз ҳама қадбаланди амалкунандаи ҷаҳон, намояндагӣ мекунад.

Ба ғолибони мусобиқа дар вазни худ мукофотпулӣ ба маблағи 60 000 рубли русӣ, барои ҷойи дувум – 35 000 рубл, барои ҷойи севум – 25 000 рубл супурда мешавад. Мураббиёни ғолибони мусобиқа низ бо ҷоизапулӣ ба маблағи 25 000 рубл сарфароз мегарданд.

МУШТЗАНИ КӮҲПАЙКАРИ ТОҶИК (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG