Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии муштзанҳои ҷавони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонӣ


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни ҷавонон дар Ереван ноком шуданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар пойтахти Арманистон то 8-уми декабр идома хоҳад кард, муштзанҳои ҷавони 68 кишвар ширкат доранд. Мутаассифона, ҳамаи ҳафт варзишгари Тоҷикистон дар нахустин даври мусобиқа шикаст хӯрданд.

Асрор Воҳидов, ки порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасон дар Қазоқистон дар рақобатҳо дар вазни то 48 килограмм бо медали тилло мукофотонида шуда, Федератсияии байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) ӯро бо ҷоизаи “Беҳтарин муштзани ҷавони ҷаҳон дар соли 2011-ум” сарфароз гардонда буд, имсол дар рақобатҳо дар вазни то 52 килограмм дар аввалин қувваозмоияш аз Ҷорҷ Коберои кубагӣ аз рӯи холҳо бо ҳисоби 4:5 (0:1, 2:2, 2:2) мағлуб гашт.

Натоиҷи қувваозмоиҳои дигар бо ширкати муштзанҳои ҷавони тоҷик чунин аст:
вазни то 49 кг: Беҳрӯз Умарқулов - Иссако Пинто (Эквадор) - 10:16,
вазни то 56 кг: Шавкатбек Неъматов - Гарри Салазар (ИМА) бартарии комил дар раунди 3-юм (1:21),
вазни то 60 кг: Муъмин Мухторов - Эмур Марсиал (Филиппин) - 8:22,
вазни то 64 кг: Наим Азизов - Лестер Мартинез (Гватемала) - 11:23,
вазни то 75 кг: Авзалбек Куранбоев - Ҷон Люк Траверс (Австралия) - 16:21, вазни то 91 кг: Ҳайдархон Самадов - Коди Девис (Уэлс) - 7:21.
XS
SM
MD
LG