Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафи сарбозони қарордодии Русия дар Тоҷикистон афзоиш меёбад


Соли 2013 бештар аз ҳазор нафар сарбозони қарордодӣ барои хидмат дар пойгоҳи 201 низомии Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли Ҳавзаи марказии низомии Русия иттилоъ додааст.

Бино ба хабари ин манбаъ, соли 2012 500 нафар барои хидмати қарордодӣ ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Гузашта аз ин 250 сарбозе, ки хидмати аскариро дар ин пойгоҳ ба поён расондаанд, изҳори омодагӣ кардаанд, ки хидматро чун сарбози қарордодӣ идома медиҳанд.

Ҳавзаи марказии низомии Русия гуфтааст, дар давоми соли 2012 сафи афсарони ҷавоне, ки мехоҳанд дар артиши Русия хидмати низомиро идома диҳанд, 4 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳоло дар артиши Русия 300 ҳазор нафар сарбозони қарордодӣ хидмат мекунанд.
XS
SM
MD
LG