Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 тоҷик дар зиндонҳои Афғонистон боқӣ мемонанд


Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул гуфт, бо эъдоми Муҳаммадҳайдар дар маҳбасҳои Афғонистон боз 10 шаҳрванди дигари тоҷик боқӣ мемонанд. Аксари онҳо, ба гуфтаи сафир, бо гумони даст доштан дар аъмоли террористӣ ва чирикӣ дастгир шудаанд. Муҳаммадҳайдар валади Муҳаммадаҳмад, ба гуфтаи мақомоти афғон, танҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар миёни 16 нафаре буд, ки ҳафтаи гузашта эъдом шуданд. Иҷрои ҳукми ин афрод мавҷи интиқодҳои байналмилалиро ба бор овард.
Шарофиддин Имомов гуфт, Муҳаммадҳайдар ибтидо розӣ буд, ки ба Тоҷикистон истирдод шавад, вале баъдан таҳти фишори шариконаш ин дархости худро пас гирифт.
XS
SM
MD
LG