Қарор аст имрӯз Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср бо аъзои Шӯрои Додгоҳи Олӣ мулоқот ва роҳҳои оромии вазъро баррасӣ кунад.
Ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳур фармоне содир кард, ки тибқи он касе наметавонад то баргузории интихоботи нави порламонӣ бар зидди фармон ё тасмимҳои раиси ҷумҳур шикоят барад.
Мурсӣ гуфт, фармони вай дар бораи афзоиши салоҳиятҳояш муваққатист ва даъват кард, ки барои пайдо кардани роҳи муносиби ҳали сиёсӣ бояд музокира анҷом бигирад.
Баъд аз ин фармони раиси ҷумҳур қозиёни додгоҳ кори худро қатъ карданд ва нируҳои мухолиф гуфтанд, ки Мурсӣ мехоҳад низоми диктаторӣ ҷорӣ кунад.
Шӯрои Додгоҳи Олӣ розӣ шудааст, ки бо Мурсӣ мулоқот анҷом медиҳад ва ҳамзамон аз қозиёни додгоҳ хостааст, ки кори худро аз сар бигиранд.