Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қоҳира тадобири амниятӣ шадидтар шуд


Рӯзи ҷумъа нируҳои амниятӣ ва низомии Миср дар Майдони Таҳрири Қоҳирабарои таъмини амният дар атрофи биноҳои давлатӣ мустақар шуданд. Мухолифон ба нақша гирифтаанд, ки дар маркази Қоҳира бар зидди тағирот дар Қонуни Асосӣ, ки тибқи дастури Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар бояд сурат бигирад, тазоҳуроти эътирозӣ барпо кунанд.

Рӯзи панҷшанбе мисриҳо чанд тазоҳуроти алоҳида созмон доданд. Дар ин тазоҳурот гурӯҳе аз аз Мурсӣ ҷонибдорӣ мекарданд ва гурӯҳи дигар бар зидди ислоҳоти пешбиникардаи якҷонибаи вай эътироз карданд. Мурсӣ бо ин ислоҳот мехоҳад салоҳиятҳои бештар ба даст орад.

Дар эъломияе рӯзи панҷшанбе гуфта мешавад, раиси ҷумҳур “ҳар тасмим ё тадбирро барои дифоъ аз инқилоб” қабул мекунад. Бино ба ин санад, чунин тасмиму тадбирҳо ниҳоианд ва касе наметавонад бар зидди онҳо ба ҷое шикоят барад.
XS
SM
MD
LG