Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инъом Саидов: “Орзуи ман ширкат дар Бозиҳои олимпист”


Инъом Саидов, теннисбози маъруфи тоҷик.
Инъом Саидов, теннисбози маъруфи тоҷик.

Тенниси рӯи миз солҳои ахир дар Тоҷикистон рушд кардааст ва ба ин намуди олимпии варзиш бештар наврасону ҷавонон машғуланд.

Тенниси рӯи миз, бахусус, пас аз ба вазифаи раиси Федератсияи миллӣ интихоб шудани Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ширкат карда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудаанд. Ахиран дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 6 дастаи мардона аз Тоҷикистон (се даста), Қазоқистон, Қирғизистон ва Тотористони Русия ширкат дошт.

Ёдовар мешавем, дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Тотористон мақоми аввалро касб кард. Тими Қазоқистон ҷойи дувум ва дастаи Тоҷикистон-2 ҷойи севумро гирифтанд.
Теннисбози маъруфи тоҷик Инъом Саидов, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст овард, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “рақобат бо варзишгарони хориҷӣ дар ин мусобиқа ба мо имкон дод, ки таҷоруби хуб касб карда, маҳоратамонро такмил бидиҳем.”

Инъом Саидови 19-сола донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб буда, 11 сол инҷониб ба тенниси рӯи миз машғул аст. Вай панҷ бор дар рақобатҳои инфиродӣ миёни мардон ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст.
Инъом Саидов меҳмони барномаи «Ҷаҳони варзиш”-и радиои Озодӣ буд ва дар бораи муваффақиятҳои худ сӯҳбат кард.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG