Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбари асосии ҳамлаи Тел-Авив


Автобуси таркида дар Тел-Авив
Автобуси таркида дар Тел-Авив
Мақомоти Исроил аз боздошти марди гумонбар дар насби бомбе, ки рӯзи чоршанбе дар як автобус дар шаҳри Тел-Авив таркид, хабар доданд. Дар он таркиш дастикам 27 нафар захмӣ шуданд. Мақомот мегӯянд, гумонбар шаҳрванди араби исроилист, ки дар шаҳри Тайба ба сар мебурд ва бо гурӯҳҳои ҷангии Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ иртибот дошт. Мақомот мегӯянд, афроди дигари дахил дар ин ҳамла низ дастгир шудаанд. Ин боздоштҳо чанд соат баъд аз таркиш дар маркази Тел-Авив сурат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG