Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни 70-солагии Фирӯз Баҳор дар Берлин


Фирӯз Баҳор
Фирӯз Баҳор
Дар Кохи илму фарҳанги Русия дар Берлин аз 70-солагии оҳангсози тоҷики муқими Олмон Фирӯз Баҳор (Аҳмадов) таҷлил кардаанд. Ба навиштаи "Азия Плюс", дар ин маросим, ки бо ширкати беш аз 200 нафар гузашт, сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов аз аҳмияти милливу байналмилалии осори соҳибҷашн тавсиф кардааст. Фирӯз Баҳор аз оҳангсозони шинохтаи симфониянависи тоҷик аст, ки маъруфтарин асараш достони симфонии “Мароқанд” ном бурда мешавад. Фирӯз Баҳор соли 1942 дар Душанбе ба дунё омада, феълан зиндагиаш байни Олмону Тоҷикистон “тақсим” шудааст.
XS
SM
MD
LG