Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Регар” баъди пирӯзӣ бар ССКА ба ҷойи аввал баромад


Се бозии мавқуфгузоштаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми панҷшанбе, 22-юми ноябр поён ёфт.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозии охиринаш дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон) бар тими мизбон – ССКА “Помир” бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳарду голро Сайриддин Ғаффоров ва Ҷамшед Исмоилов дар нимаи дувуми бозӣ заданд.

Ин пирӯзӣ ба “Регар-ТадАЗ” имкон дод, ки бо 61 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал барояд. Рақиби аслиаш барои унвони қаҳрамонӣ – тими “Равшан”-и Кӯлоб, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 59 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Ҳарду даста, ки ҳадди ақал соҳибони медалҳои нуқра мешаванд, барои медалҳои тилло талош доранд.

Тақдири медалҳои тиллову нуқра рӯзи 29-уми ноябр дар бозии охирин миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад, ҳал хоҳад шуд. Ба дастаи “Равшан” барои он ки ҷойи аввалро соҳиб шавад, танҳо ғалаба зарур аст. Вале агар бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва ё бо бохти “Равшан” анҷом ёбад, он гоҳ “Регар-ТадАЗ” ғолиби мусобиқа хоҳад шуд.

Дар бозии дигари мувқуфгузоштаи Лигаи олӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 10:0 ғолиб омад. Чаҳор гол дар нимаи аввали бозӣ ва шаш гол дар нимаи дувум зада шуд. Нимҳимоятгар Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, ки дар ин бозӣ чаҳор гол ба ҳадаф расонд, бо 24 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷойи аввал қарор дорад ва дигар касе ба ӯ расида наметавонад. Дилшод дар ду бозии охирин имкон дорад, ки шумораи голҳояшро боз ҳам афзун намояд.

Се голи дигари “Истиқлол”-ро Фарҳод Тоҳиров, ду голро Юсуф Рабиев ва як голро Нуриддин Давронов заданд.

Ба дастаи «Истиқлол», ки бо 50 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа баъди «Хайр»-и Ваҳдат (52 имтиёз дорад), дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст, барои ба даст овардани медалҳои биринҷӣ дар ду бозии мавқуфгузошта се имтиёз ба даст овардан кофист.

Дар воқеъ Никола Кавазович, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ба иллати вазъи саломатиаш муваққатан Тоҷикистонро тарк кардааст, дар ин бозӣ ширкат надошт.

Ба гуфтаи Фаридун Солиев, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ”мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович рӯзи 21-уми ноябр ба Белград парвоз кард ва баъди Соли нав ба Душанбе бармегардад. Дар бозиҳои охирини мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ба “Истиқлол” мураббии калон Мубин Эргашев раҳбарӣ мекунад.”

Дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар бозии мавқуфгузоштаи даври 22-юм дар майдони худ бар тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Тӯбро Насим Расулов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 78-ум ба дарвозаи “Парвоз” ворид кард. Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи “Парвоз”-ро, ки дар ҷадвали мусобиқа бо 34 имтиёз дар ҷойи панҷум аст, тағйир надод. “Истаравшан” бошад, бо 28 имтиёз дар ҷадвал як зина боло, ба ҷойи 9-ум баромад.

Натоиҷи бозиҳои мавқуфгузошта:
22-юми ноябр (панҷшанбе)

Бозии даври 16-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд)-10-0
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Голҳо: Юсуф Рабиев, 6 (1:0). Юсуф Рабиев, 29 (2:0). Дилшод Восиев, 45 – аз пеналтӣ (3:0). Дилшод Восиев, 45+1 (4:0). Дилшод Восиев, 53 (5:0). Фарҳод Тоҳиров, 59 (6:0). Дилшод Восиев, 60 (7:0). Фарҳод Тоҳиров, 75 (8:0). Фарҳод Тоҳиров, 80 (9:0). Нуриддин Давронов, 87 (10:0).

Бозии даври 22-юм
«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров)- 1-0
Шаҳри Хуҷанд, варзишгоҳи “Спартак.
Гол: Насим Расулов (78).

Бозии даври 23-юм
ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода)- 0-2
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Голҳо: Сайриддин Ғаффоров, 73 (1:0). Ҷамшед Исмоилов, 75 (2:0).


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) 24 19 4 1 77-16 61
2.Равшан» (Кӯлоб) 23 19 2 2 49-9 59
3. «Хайр» (Ваҳдат) 24 16 4 4 45-27 52
4. «Истиқлол» (Душанбе) 22 15 5 2 70-11 50
5. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 24 10 4 10 47-36 34
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 24 9 4 11 31-24 31
7. ССКА “Помир” (Душанбе) 24 8 6 10 26-25 30
8. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 24 8 6 10 29-44 30
9. «Истаравшан” (Истаравшан) 24 8 4 12 33-44 28
10. «Энергетик» (Душанбе) 23 7 6 10 35-29 27
11. «Ҳосилот» (Фархор) 24 4 2 18 18-64 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 24 4 0 20 18-72 12
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 24 1 3 20 21-98 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол") – 24 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ») – 20 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ") - 18 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 17 гол.

Ҳамин тариқ, даҳ даста – «Регар-ТадАЗ”, «Хайр», «Парвоз”, «Вахш», ССКА “Помир”, “Хуҷанд”, “Истаравшан”, «Ҳосилот», «Гвардия» ва «Зарафшон» бозиҳои мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро ба охир расонданд. Се даста - “Равшан” як бозӣ, “Истиқлол” 2 бозӣ ва “Энергетик” як бозӣ анҷом хоҳанд дод.

Бозиҳои мавқуфгузошта

25-уми ноябр (якшанбе)
Бозии даври 23-юм

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
29-уми ноябр (панҷшанбе)
Бозии даври 24-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «РАВШАН» (Кӯлоб)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Бозиҳо соати 14:00 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG