Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҲНИТ, ҳайати ин ҳизб таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ субҳи панҷшанбе ҷиҳати ширкат дар Асамблеи генералии ҳизбҳои сиёсии Осиё, аз Теҳрон озими Боку шуд. Ин ҳамоиш рӯзҳои 22-23 ноябр бо иштироки намояндагони беш аз 100 ҳизби сиёсиии кишварҳои Осиё баргузор мешавад. Мизбони ин нишаст ҳизби ҳокими «Ени Азербайджан» (Озарбойҷони нав) буда, дар оғози он раиси ин ҳизб, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев суханронӣ хоҳад кард.
ҲНИТ аз соли 2004 ба ин тараф узвияти ин форуми байналмиллалии аҳзобро дорад ва пайваста дар чорабиниҳои он ширкат намудааст. Дар назар аст, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар яке аз ҷаласаҳои ин ассамблея суханронӣ кунад.
Ду рӯз қабл ҷаноби Кабирӣ дар нишасти «Муколамаи милии Сурия» дар Теҳрон ширкат кард ва дар робита ба ҳалли қазияи ин кишвар суҳбат намуда, сулҳи тоҷиконро дар ҳалли қазияи Сурия ба унвони тарҷрубаи муҳим, зарур шуморид.
Муҳиддин Кабирӣ аз Эрон ва Русия даъват кард, бо таҷрубае, ки дар роҳи сулҳи Тоҷикистон доштаанд, дар ҳалли қазияи Сурия фаъолона ширкат намоянд . Нишасти «Муколамаи миллии Сурия» дар Теҳрон, рӯзи 20-уми ноябр баргузор шудааст.