Туркия аз НАТО дар қаламраваш мустақар кардани мушакҳои зиддиҳавоии “Patriot”-ро хостааст. Паймони низомӣ рӯзи чоршанбе гуфт, Анкара мехоҳад бо кумаки НАТО худро аз ҳамлаҳои Сурия дифоъ кунад. Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен гуфт, паймон ин дархостро “бидуни таъхир” баҳс хоҳад кард. Танҳо 3 узви НАТО – Амрико, Олмон ва Ҳолланд шабакаҳои мушакии “Patriot” доранд. Қарор аст, гурӯҳи НАТО ҳафтаи оянда барои омӯзиши мавзӯъ ба Туркия сафар кунад.