Имсол дар вилояти Суғд 126 гирифтори ВИЧ- вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД ташхис шудааст. Аз ин миён 8 нафар ноболиғ будаанд. Ба гуфтаи табибон, 60 нафар аз роҳи алоқаи ҷинсӣ, 31 нафар аз истифодаи маводи мухаддир ба ВИЧ печида, 4 навзод ин вирусро аз модарони худ “мерос” гирифтаанд. Ҷамъи гирифторони ВИЧ дар шимоли Тоҷикистон то 1 ноябр 878 нафар шумурда шудааст.